Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ»

24 июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

Нахуст дар чорабинӣ директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид баромад намуда, бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ ба хонадони тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро таманно намуданд.

 

Қайд гардид, ки ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки минбаъд тамоми дастовардҳои Ватани азизамон, аз қабили эҳё ва ягонагии кишвар, мустаҳкам ва ҳимоя намудани манфиатҳои давлатӣ дар фазои геополитикӣ, рушди маънавӣ, ҳисси ватанпарастии мардум ва дигар арзишҳои умумимиллиро таҳким бахшид, намунаи олии хизматҳои шоиста ва арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллату давлати тоҷикон мебошад.

Ба шарофати ин падидаи нек Тоҷикистони азиз рушд карда, миллати тоҷик ба ҳадафҳои пешгузоштаи худ дастёб гардид ва дар партави ваҳдату якдилӣ тамоми соҳаҳо ташаккул ёфт.

 

Дар идомаи чорабинӣ бо назардошти натиҷаҳои назаррасӣ корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон ба рутбаҳои махсуси навбатӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

 

Ҳамзамон бахшида ба ин санаи фархунда аз 13 то 20 июни соли ҷорӣ мусобиқаи варзишӣ дар намудани “Футболи хурд” байни кормандони Агентӣ доир гардида, ба ғолибони ин мусобиқа ҷом ва медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ