Мулоқоти директори Агентӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2023 дар дастгоҳи марказии Агентии назорати далатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тзи Шумин доир гардид.

 

Пас аз шиносоӣ масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар мавзӯҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

 

Ҷонибҳо ба рушду тавсеи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои дар доираи санадҳои ҳамкории дуҷониба густариш додани он омодагии хешро изҳор намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ