Баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ бо Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус

Имрӯз дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус мулоқоти дуҷонибаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Гора Дмитрий Юрьевич баргузор гардид.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

 

Бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду мақомот «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия” ба имзо расонида шуд.

 

Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, изҳори итминон карда шуд, ки Созишномаи мазкур барои мустаҳкам намудани равобити байни ду мақомот дар ҳалли мушкилоти марбут ба коррупсияи фаромиллӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ