Вохӯрии дуҷонибаи директори Агентӣ бо сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 25 ноябри соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид ва сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рахимов Дилшод Фахриевич доир гардид.

 

 Нахуст, директори Агентӣ ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Агентӣ хайрамақдам гуфта, сипас ба музокираи масъалаҳои матраҳшаванда оғоз намуданд.

 

 Зимни мулоқот таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба ташкили фазои мусоид ва тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ равона гардида, дар ин замина “Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024” ба имзо расонида шуд.

 

 Таъкид гардид, ки ба имзо расонидани нақшаи мазкур барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи судманд шароити мусоидро фароҳам меорад.

 

 Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори умедворӣ карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ