Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

  Ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки раиси ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич Отабойзода Комил Умурбой моҳи августи соли 2018 дар утоқи кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати ба номи шаҳрвандон “А” ва ....
12.12.2018 10:43 523


Дар раванди баррасии маводҳои ҷамъовардашуда нисбати шаҳрванд Нигматов Умаралӣ Ҳамрохонович муайян карда шуд, ки номбурда дар вазифаи мутахассиси КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Ваҳдат» кор карда истода, санаи 04 октябри соли 2018 дар бинои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри ....
11.12.2018 10:03 427


  Дар натиҷаи санҷиши аризаи шаҳрванд “А” муайян карда шуд, ки муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Суғд майори милитсия Ҳакимов Наврӯз Ғайратович барои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд “А” бо моддаи 247 қисми 2 ....
10.12.2018 13:20 604


  Санаи 08 октябри соли 2018 шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат кард, ки нисбати сардори шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд - Ғаффоров Фирдавс Абдусатторович чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда санаи 04 октябри соли 2018 ....
08.12.2018 11:41 560


  31 октябр ва 1 ноябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар ....
24.11.2018 10:40 462


  Сокини ноҳияи Ҷ.Расулов Боқиев Рустам Худойдодович бо мақсади ба даст овардани фоида санаи 04.08 соли 2018 бо “Мурод” ном сокини н.Б.Ғафуров дар ҳудуди деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад вохурда бо номбурда бо маслиҳати пешакӣ ҷиҳати ....
24.10.2018 08:31 763


  ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи муовини Директори Агентииназорати давлатии молиявӣ ва муборизабо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Сафарзода С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Сафарзода Суҳроб муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии ....
22.10.2018 08:45 924


    Ҷалолов Фаррух Ҷамолович, санаи таваллудаш 04 феврали соли 1981, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, кучаи Кешбофон ҳавлии №94, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул нашуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ ба боварии шаҳрванд Шукуров ....
18.10.2018 11:02 711


  Самихов Мавлутҷон Қурбонович қасдан ба мақсади ғаразнок худро ҳамчун адвокати мурофиавӣ муарифи намуда, тахминан моҳи феврали соли 2018 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ ба боварии шаҳрванд Ширинова Чуҳригул Хайётовна ва писараш Ширинов Маҳмараҷаб Раҳматуллоевич даромада, бо баҳонаи тариқи мақомотҳои ....
15.10.2018 14:58 658


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.