Гирифтани пора барои омода карда додани иҷозатнома

2 апрели соли 2024 шаҳрванд Остонаев С.Р. бо ариза ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки нисбати мутахассиси пешбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимов А.А. чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда барои иҷрои амали муайян, ки ба доираи ваколати хизматиаш дохил мешавад, яъне ҷиҳати омода карда додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ аз охирин ба сифати пора маблағи 30000 сомонӣ талаб намуда, аз ин 20000 сомониашро қаблан гирифта, боз оварда додани маблағи 10000 сомонии дигарро талаб кардааст.

 

Худи ҳамон рӯз оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуалимов А.А. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ охирин баъди аз шаҳрванд Остонаев С.Р. гирифтани маблағи 10000 сомонӣ боздошт гардида, маблағи зикршуда аз ӯ дарёфт карда шуд. Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ироаи нуқтањои асосии баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

5 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоњи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии лексияи директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Роҳнамо дар мавзӯи “Хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзиши миллӣ, бақои миллат, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ: масъалаҳо ва роҳҳои ҳал” баргузор гардид, ки зимни он ҳайяти васеи кормандони мақомот иштирок варзиданд.

 

Дар баромади худ Устод - Абдуллоҳи Роҳнамо масъалаҳои моҳият, зарурат ва аҳамияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, арзёбии миқёси воқеии таҳдиди хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳои миллӣ, бақои миллат, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ, вазифаҳои нави дар мулоқоти болозикр назди қишрҳои гуногуни ҷомеа гузошташуда ва нақшу мақоми қишрҳои таъсиргузори ҷомеа дар пешгирии таҳдиду хатарҳои мазкур мавриди музокира қарор доданд.

 

Зимнан, роҳбарияти Агентӣ таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстримизм тамоми заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овардаанд ва моро зарур аст, ки дастаҷамъона бо ин зуҳуротҳои номатлуб пайваста дар муборизаи беамон қарор дошта бошем.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои илмиву мубоҳисавӣ сурат гирифта, гузаронидани он барои тақвият ва мукаммал  гардонидани донишу таҷрибаи кормандон заминаи мусоид фароњам овард.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағи пулӣ барои гирифта додани иҷозати сохтмони манзили истиқоматӣ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ҳукуматзода А.Х. дар вазифаи мудири бахши омори ноҳияи Синои Сарраёсати Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро ба миқдори махсусан калон содир намуд.

 

Чунончи, Ҳукуматзода А.Х. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дидаву дониста аз он ки ваколати додани иҷозатнома барои сохтмонӣ манзили истиқоматиро надорад, моҳи ноябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Душанбе Давлатов Ҷ.С. даромада, аз номубурда барои аз мақомоти дахлдори давлатӣ гирифта додани иҷозатномаи сохтмони манзили истиқоматӣ маблағи 47000 сомониро талаб карда гирифт.

 

Зимнан, Ҳукуматзода А.Х. баъди гирифтани маблағ аз Давлатов Ҷ.С. ба манфиати охирон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи 47000 сомониро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, тасарруф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба Давлатов Ҷ.С. зарари махсусан калони моддӣ расонид.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳукуматзода А.Ҷ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати тасарруфи маблағи пулӣ аз тарафи сардори шуъбаи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор

14 марти соли 2024 шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. бо ариза унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки нисбати сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Каримов Б.З. ва бародари шафқати Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Салимов Н.С. чораи қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурдагон аз ӯ барои ба рӯйхати даъватшавандагони алтернативӣ номнавис кардан ғайриқонунӣ маблағи 17000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ охири моҳи феврали соли ҷорӣ маблағи 8000 сомонӣ гирифта, айни ҳол овардани боқимонда маблағи 9000 сомониро талаб намуда истодаанд.

 

Дар ин замина, худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, бо андешидани чораҳои зарурӣ Салимов Н.С. баъди аз шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Каримов Б.З. ва Салимов Н.С. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак аз тарафи кормандони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон муайян карда шуд, ки иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муродиллозода Ҳ.М. ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, бархилофи талаботи қисми 2 моддаи 12 ва қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Сӯҷина баъди аз адои ҳаҷи умра баргаштани хешовандони наздикаш бо мақсади худнамоишдиҳӣ ва бо роҳи исрофкорӣ маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ бо иштироки миқдори зиёди меҳмонон (тахминан 100 нафар) ва бо омода намудани якчанд намуди таомҳо ташкил ва баргузор намудааст.

        

Аз рӯи маводҳои дар ин хусус ҷамъовардашуда аз ҷониби мақомоти ваколатдор нисбати Муродиллозода Ҳ.М. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, пешбинӣ менамояд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, он барои баррасӣ ба суди шаҳри Панҷакент ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат”

Зимни гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидорӣ дар фаъолияти Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат”-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки аз соли 2019 то моҳи ноябри соли 2023 аз тарафи Маркази зикршуда ҳамчун субъекти бевоситаи таъминкунандаи муассисаҳои давлатӣ бо рӣзномаву нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар ш.Ваҳдат ба Ҷамоати деҳоти Баҳори ҳамин шаҳр ба маблағи 160957 сомонӣ рӯзномаю маҷаллаҳои обунавӣ тақсим карда шуда, маблағи обуна аз тарафи шахсони масъули Ҷамоат ҷамоъоварӣ гашта, ба директори Маркази алоқаи Почтаи шаҳри Ваҳдат Тоиров Ҷ.С. давра ба давра супорида шудааст.

 

Минбаъд, Тоиров Ҷ.С. ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, қасди тасарруфи молу мулки давлатиро назди худ пеша намуда, баъди давра ба давра ба ихтиёрдории худ қабул кардани маблағи 160957 сомонӣ онро ба хазинаи Марказ ворид накарда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Тоиров Ҷ.С. бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда ба пуррагӣ талофӣ шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати қаллобии корманди МД “Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”

Файзов А.Ш. дар вазифаи саркори Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш тахминан аввалҳои моҳи апрели соли 2022 бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қурбонов К. даромада, аз охорон бо ваъдаи таъин намудан ба вазифаи сармуҳосиби Муассисаи болозикр маблағи 100000 сомониро гирифт.

 

Минбаъд Файзов А.Ш. ба манфиати Қурбонов К. ягон амали муайянро иҷро накарда, ин маблағро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба охирон зарари махсусан калони моддӣ расонид.   

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Файзов А.Ш. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Саркашӣ аз супоридани андозҳои давлатӣ ба миқдори махсусан калон

Гадойбоев Ф.Б. дар вазифаи директори ҶДММ «Устувор-2017»-и ноҳияи Куҳистони Масчоҳи вилояти Суғд кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷинояти саркашӣ аз супоридани андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ зад.

 

Чунончи, номбурда аз 01 апрели соли 2021 то 01 сентябри соли 2023 бар хилофи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохтҳои андоз, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина бо роҳи пешниҳод кардани делоратсияҳои носаҳеҳ ба мақомоти андоз ҷамъ ба маблағи 2.212.322 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи 2.846.643 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намуд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба давлат зарари моддӣ ба миқдори калон расонид.

 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Гадойбоев Ф.Б. бо дастрасии моддаи 292 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ