Қаллобӣ барои омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидорӣ

 Ҷамшеди Сайҷалол дар вазифаи мутахассиси шуъбаи №1 Раёсати барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръӣ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе кор карда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, аз номбурда бо баҳонаи омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидории хонаи истиқоматӣ дар ду ҳолат маблағи 1000 доллари ИМА ва 3900 сомонӣ гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянро иҷро накардааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷамшеди Сайҷалол бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Азонихудкунии маблағҳои буҷети бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Холиқов Абдуҷабор Абдухолиқович дар вазифаи муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабӣ ва сохтакории хизматӣ дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии музди меҳнати кормандон маълумотҳои таҳрифшударо ворид намуда, бо ин амалаш маблағи умумии 892 947,05 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

 

  Вобаста ба ҳалоти мазур, нисбати Холиқов А.А. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

   Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои таъин намудан ба вазифа

 Суҳроби Рустамхон дар вазифаи роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи мақоми хизмати аз шаҳрванд “А” барои ба вазифаи сарнозири зеристгоҳи барқии “Роҳатӣ” 35/10кВ, “Шарқӣ” 110/35/6 кВ-и Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ таъин намуданаш маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Суҳроби Рустамхон бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Талаби 50.000 сомонӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин

  Нозимов  Шамсулло  Нуруллоевич дар вазифаи муовини раиси ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, ваъда додааст, ки ба ивази маблағи 50.000 сомонӣ ба охирин аз ҳудуди заминҳои ҷамоати номбурда 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Сипас Нозимов Ш.Н. аз шаҳрванд “А” 20 000 сомонӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда 30 000 сомонии дигарро талаб намудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ба имзо расонидани “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия”

   23 августи соли 2022 раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин ҷаноби Роид Муҳаммад Радван бо ҳайати расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 

 Меҳмононро директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид истиқбол гирифта,  ташрифи онҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

 

   Дар раванди мулоқоти дуҷониба нахуст ба меҳмонон дастовардҳои Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дастовардҳои илмӣ-амалӣ, китобхона, толорҳои баргузории ҷаласаҳои васеъ ва шарту шароитҳои кормандон муаррифӣ гардида, сипас маросими баимзорасонии  “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштироки директори Агентӣ дар ҷаласаи XXI Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои ИДМ

 11 августи соли 2022 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи XXI Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Истифодаи мақоми хизматӣ бо мақсади тасарруфи маблағ

 Саидов Маҳмуд Ҷамахонович дар вазифаи мутахассиси раёсати баруйхатгирии техникии корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрвандон “А” ва “Б” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13.000 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 12426 сомониашро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Истифодаи мақоми хизматӣ бар хилофи манфинатҳои давлат

 Солиев Зоҳирҷон Раҳмонович дар вазифаи назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии охиронро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ