9 ДЕКАБР - “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ”

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати расидан ба пешравӣ ва муваффақиятҳо ба проблемаву мишкилотҳои зиёде дучор гардидаанд. Яке аз он падидаҳое, ки садди роҳи инкишоф ва пешравии давлатҳои ҷаҳон гардидааст, ин коррупсия ба ҳисоб меравад. Коррупсия дар қатори дигар омилҳои номатлуб зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои баррасишавандаи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

 

Дар замони имрӯза коррупсия ба мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.

 

Қайд карда мешавад, ки коррупсия падидаи муосир набуда, решаҳои таърихии он аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Раванди ташаккули мафҳуми муосири коррупсия дар таърихи тамаддуни инсоният якчанд ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Мафҳуми коррупсия аз калимаи лотинии «corruption» гирифта шудааст, ки маънои вайрон кардан, харида гирифтан, тобеъ кардан тавассути пора ва ришва доданро дорад.

 

Коррупсияро ҳанӯз дар аҳди бостон маҳкум намуда, ба маънои фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ маънидод менамуданд.

 

Пас маълум мегардад, ки ҳанӯз аз даврони хеле қадим коррупсия ҳамсафари инсоният шуда, дар тамоми таърихи баъдина дар тақдири давлату халқиятҳои ҷаҳон нақши басо манфиеро иҷро намудааст. Ҳарчанд дар тамоми мамлакатҳо муқобили ин зуҳурот пайваста муборизаро ба роҳ монда бошанд ҳам, вале то ҳол ба ягон давлати дунё муяссар нагардидааст, ки коррупсияро ба пуррагӣ решакан намояд.

 

Воқеан давоми даҳсолаҳои охир бинобар хусусияти фарогир пайдо намуданаш, мубориза бо коррупсия ба яке аз масъалаҳои дар мадди аввал баррасишавандаи кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

 

Дарки хатари коррупсия ва оқибатҳои манфӣ доштани он ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, зарурат пайдо гардид, ки дар ин самт санади байналмилалӣ қабул карда шавад, то ки он тавонад давлатҳоро атрофи ин масъала муттаҳид намуда, ба мубориза бар зидди коррупсия мақоми байналмилалӣ ва умумиҷаҳонӣ дода шавад.

 

Бо назардошти гуфтаҳои болозикр 31 октябри соли 2003 дар сессияи 58-уми Асамблеяи генералии СММ Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ баргузор карда шуд.

 

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан дар Конфронси зикргардида қайд намудааст, ки : “Коррупсия як вабои мудҳишест, ки ба зиёд шудани камбизоатӣ дар бисёр кишварҳо мусоидат мекунад ва ба ҳамаи мо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳеҷ як кишвар - на сарватманд ва на камбағал - аз ин падидаи манфӣ эмин нест. Коррупсия метавонад ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам дар бахши хусусӣ таъсири худро расонад, ки дар он як тараф ҳамеша  зарар мебинад - ҷамъият. Имзо шудани Конвенсияи мазкур ғалабаи калони мо дар мубориза ба муқобили ин бадӣ мебошад. Ин рӯз ҳамасола ҳамчун “Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба мубориза бар зидди коррупсия” таҷлил карда мешавад”.

 

Дар ин раванд Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифт, ки бо мақсади оммавигардонии мубориза бар зидди коррупсия ва ба хотири қабули Конвенсия, ки дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар миқиёси ҷаҳон нақши калидӣ пайдо намуд, 9 декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” таҷлил карда шавад.

 

Мақсади Конвенсияи мазкур аз қабул ва таҳкими чораҳое иборат мебошад, ки ба пешгирии судманд ва мубориза бар зидди коррупсия равона гардидаанд. Айни замон Конвенсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кулли давлатҳои аъзои он дар самти мубориза бар зидди коррупсия эътироф карда шуда, ба санади асосии байналмилалие табдил ёфтааст, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ба танзим медарорад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз хатар ва оқибатҳои нангини коррупсия огоҳ гардида, ҳанӯз аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ баҳри паст кардани шиддати коррупсия мунтазам чораҳои судмандро андешида истодааст.

 

Дар ин асно метавон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардида, 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар ин санади муҳими байналмилалӣ тасдиқ карда шуд, ки он дар таҳкими роҳи минбаъдаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия хеле муҳим арзёбӣ карда мешавад. 

 

Аз ҷумла, баъди қабул ва тасдиқ гардидани Конвенсия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ, ки аз Конвенсияи мазкур бармеоянд, давра ба давра мутобиқ гардонида шуда истодаанд.

 

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 таъсис додани мақомоти махсусгардонидашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, се маротиба таҳия ва тасдиқ шудани Стратегия дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва барои давраи то 2030, инчунин як қатори дигар санадҳои зериқонунӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

 

Бояд қайд кард, ки 9 декабри соли ҷорӣ дар саросари ҷаҳон 20 - солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия таҷлил гардида, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар самти мубориза бар зидди коррупсия натиҷагирӣ карда мешавад.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо эътироф аз ин санаи таърихӣ дар вазорату идораҳо, муассисаю корхонаҳо ва ташкилотҳо атрофи ин мавзӯъ мулоқоту вохӯриҳо, семинару конфронсҳо ва ҳамоишҳо ташкилу баргузор карда мешаванд. Ин санаи муҳим моро водор месозад, ки ба хотири пешрафту инкишофи давлати азизамон атрофи масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия боз ҳам муттаҳид гардем. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа, истифодаи маҷмӯи воситаву усулҳои муосир дар мубориза бар зидди коррупсия тамоми кӯшишу имкониятҳои худро равона созем. Дар ин замина баҳри ташаккули тафаккури зиддикоррупсионии ҳар як фарди ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода, баҳри паст намудани таъсири коррупсия саҳми худро гузорем.

        

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ