Иштироки ҳайати Агентӣ дар Форуми сеюми Тошканд оид ба муқовимат ба коррупсия ва мулоқот бо директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

3 ноябри соли 2023 дар доираи сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати расмии Агентӣ зери роҳбарии директор, генерал-лейтненати адлия Султонзода Сулаймон Саид дар Форуми сеюми Тошканд оид ба муқовимат ба коррупсия иштирок намуданд.

 

Чорабинии мазкур ба иштирокчиён ҷиҳати омӯзиши паҳлуҳои мухталифи зуҳуроти коррупсия шароит фароҳам оварда, барои баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид гузошт.

Ҳамзамон дар доираи сафари мазкур мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ бо роҳбарияти Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо гардида, дар ин замина “Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2024-2025” ба имзо расонида шуд.

 

Таъкид гардид, ки баимзорасонии нақшаи зикргардида барои таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад кард.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ