КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

 

Конститутсияи соли 1994 маҳсули зеҳнии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шудааст. Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзоёни комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия таи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа манзури рӯзи гузаронидани райпурсӣ карда шавад. Дар байни аъзоёни комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ пазируфта шуд, ки мо самараи онро ҳамарӯза эҳсос мекунем.

 

Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

 

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз - қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд.

 

Ба хизматҳои барои халқ иҷронамудаи Президенти ҷумҳурӣ, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо шоҳидем, ки он ба таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

 

Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлати мутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созем.

 

Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

 

Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсия барои инкишофи босуръати давлатҳои абарқудрати дунё заминаи ҳуқуқии боэътимод гузоштааст. Аз ҷумла, Конститутсияи Амрико соли 1787 ва Фаронса соли 1791 таърихи тулонӣ дошта, инқилоби буржуазӣ сабаби асосии қабули онҳо гардидааст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ бо мутобиқгардонӣ ба талаботи ҷомеа ва давлат то ҳол амал мекунанд, ки аз муҳимият ва боэътимод буданашон шаҳодат медиҳад.

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худро дорад. Дар марҳилаи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шӯравӣ чор маротиба Конститутсия (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд.

 

Дар муқоиса бо конститутсияҳои замони Шӯравӣ Конститутсияи соли 1994 хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст, барои такрор наёфтани вазифаҳои мақомоти давлатӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуд, Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони ҳалқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва райпурсӣ муқаррар карда мешавад. Инчунин,  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар марҳилаи мавҷудияти Конститутсия 22 Кодекс ва зиёда аз 400 қонунҳои умумию соҳавӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла Кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, гумрук, андоз ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ қабулгардида, барои таъмини амният, сулҳу суботу оромии ҷомеа ва танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузоштанд.

 

Аз ин лиҳоз метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонид ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.

 

Се маротиба ворид шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (солҳои 1999, 2003 ва 2016) шаҳодат аз он медиҳад, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода шуд. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.

 

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 150 давлати дунё пазируфтаанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

 

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

 

Рӯзӣ Конститутстяи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад , ҳамватанони азиз!

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ