Таҷлили “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

3 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

 

Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ бо сухани табрикотӣ ҳайати шахсии Агентиро бо камоли эҳтиром ва таманниёти нек ба ифтихори ин ҷашни фархундаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву хушбахтӣ, осудагии рӯзгор ва сарбаландиву барори кор таманно намуданд.

 

Қайд гардид, ки воқеан дар ин айёми начандон тӯлонӣ ба шарофати заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои волои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муҳими сиёсӣ бо такя ба анъанаҳои миллии ниёгонамон барои эъмори давлати озоду мустақил ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

 

Маҳз аз ҳамин хотир гузаштагони тамаддунофари мо ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки ин арзишҳои муқаддасро тавассути эъҷоди меъёрҳои ба манфиати ҷомеа равонагардида эмин нигоҳ доранд ва имрӯз ҳам гуфтан мумкин аст, ки ин анъанаи нек дар замони муосир идома дода шуда, меъёрҳое эҷоду қабул мешаванд, ки онҳо хоси мақсаду мароми миллати фарҳангсолори мо мебошад.

 

Дар ин замина қайд намудан ҷоиз аст, ки Конститутсияи имрӯза хосатан барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги бойи қадима мебошад, таҳия гардида, таҷассумгари ғояву арзишҳои миллии ҷомеа ва давлати озоди мо дар даврони навин маҳсуб меёбад.

 

Агар дар маҷмӯъ арзёбӣ карда шавад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Конститутсияи миллии тоҷикон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки ба суннатҳои миллӣ такя намуда, аз ваҳдати миллӣ, фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои миллӣ пуштибонӣ менамояд ва барои таъмини якпорчагии ҳудуди миллӣ, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, амният, адолати конститутсионӣ ва иқтидори мудофиавӣ нақши ҳаётан муҳим дорад.

 

Барои миллати тоҷик ҳамин ғояҳои арзишманди меъёрҳои конститутсионӣ басанда аст, ки ба ин ҳуҷчати сарнавиштсоз ҳамчун Қонуни сатҳи олии давлат эҳтироми хоса дошта бошем ва онро ба ҳайси як муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем.

Дар иртиботи ин баҳогузорӣ Пешвои муаззами миллатамон чунин ибрози назар намудаанд, ки: - «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад.  Зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст.».

 

Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ бо маърузаҳои баландмазмун баромад намуда, фикру ақидаи худро оиди бузургӣ ва аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин санади олии ҳуқуқӣ иброз намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ