Вохӯрии директори Агентӣ бо раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

12 июни соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии дуҷонибаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-раиси Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус-директори Департаменти тафтиши молиявӣ Маршалов Игор Анатольевич баргузор гардид.

 

Зимни вохӯрӣ ҳолати иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масоили вобаста ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба самаранокии ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо ин падидаи номатлуб диққати махсус зоҳир карда шуд.

 

Ҷонибҳо нақши Шӯрои мазкурро дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ баланд арзёбӣ карда, ба густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳори умедворӣ намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ