Гуфтаҳо :

Семинарҳои омӯзишӣ барои Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия

 

31 октябр ва 1 ноябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе барои Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон семинарҳои омӯзишӣ доир намуданд.

Баргузории чорабиниҳои мазкур бо мақсади иҷрои тавсияҳои даври 4-уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва татбиқи самараноки Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 роҳандозӣ гардид.

Дар доираи ин семинарҳо аъзоёни комиссияҳои ҷамъиятӣ атрофи банақшагирии стратегӣ, тарзи мониторинг ва баҳодиҳӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, стандартҳои зиддикоррупсионӣ, шарҳи фаъолияти комиссияҳо маълумот бардошта, баҳри таҳкими фаъолият ба комиссияҳо тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.