8-УМИ МАРТ – РӮЗИ МОДАР

 Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи дорад ин чамоъат аз дуои модар аст !

Ончи дар васфи биҳишт фармуд қуръони карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои модар аст.

 

 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд.Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди , истисморгарон ташкил карда буд. Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва туҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо супорида мешаванд. Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо "Рӯзи Модар" эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани ,тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол. Модар - калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд. Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.

 

 Модар, чӣ калимаи муққадас аст. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст.

 

 Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст.

 

Шоир беҳуда нагуфтааст:

Якшаба он ранҷ ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

 

 Дар ҳақиқат модар ягона шахси мунису ғамхор барои мост. Ҳар нафас аз аҳволи мо пурсидан аст. Модар худаш намехӯраду фарзандашро мехӯронад, дили софу беолоиш дорад. Барои фарзандаш тайёр аст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад. Мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Нагузорем, ки қатраи оби чашмаш резад, дилаш зиқ шавад. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст.

 

 Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд, ҳофизон онҳоро ба оҳанг дароварда сурудаанд. Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро хушбахт созем, то ҳастем барояш хизмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад.Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Дар дунё ғайр аз модарам касеро то ин дараҷа дӯст намедорам.Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст. Дар Ҷумҳурии мо 8-уми мартро ҳамчун рӯзи модарон эълон карданд, дар ин рӯз тамоми он нафароне, ки модар доранд, тӯҳфа ба даст гирифта ба аёдати модар мераванд.

 

 Ҳар нафар кӯшиш мекунад ки тӯҳфааш боарзиш бошад ва ба модар писанд ояд ва лаҳзае ҳам бошад, модарро хурсанду хушбахт дидан мехоҳанд. Лекин тамоми ин тӯҳфаҳо дар назди меҳру муҳаббати модар ночиз аст. Мо як умр агар хизматашро кунем ба як шаби бедорхобие, ки модар барои фарзанд мекашад баробар шуда наметавонад. Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд. Зинда бод модар. Дар раванди рӯзгор аз таҷриба ва гузашти айём борҳо исбот шудааст, ки модарону бонувони дурандеш ҳамчун сокинони диёри ишқу муҳаббат ба мардони хеш ҷасорат, нангу номус, шаъну шараф ва қудрати ҳифзи сарҳади ҳамқисматро бахшида, онҳоро доимо огоҳ месозанд, ки дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, адолату садоқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ тарбият ёфта, ҳамеша ба миллату ватан содиқ буда, дар рӯзҳои вазнинтарини ҳаёт истодагарӣ намоянд.

 

 Зан - Модар, ин офаридгори ҳаёт, нерую рӯшноидиҳандаи умр ва зиндагии башарият ба шумор рафта, маҳз бузургӣ ва бартарии модарон аз дигарон дар хоксориву фурутанӣ, бахшояндагиву меҳрубонӣ ва садоқати азалии ӯст.

 

 Танҳо модар метавонад, ки дар ҳаёти хеш нақши хотирмонеро ба фарзандонаш боқӣ гузорад. Аз ин лиҳоз, бузургон модаронро сарчашмаи ҳаёт ва гурдофаридони замону ояндасозони ҷаҳон, муждарасону мунодии қаламрави ҳастӣ, ҳалқаҳои мустаҳками силсилаи наслҳо ва гулҳои зеботарину хушнакҳати боғи умеду орзу хондаанд, ки баҳору зиндагиро рангу тароват мебахшанд.

 

 Чуноне шоири ширинкаломи тоҷик Муҳаммад Ғоиб мефармояд:

Қисмат ба тоқи хонаи ҳастӣ навиштааст,

Модар фаришта нест, баланд аз фаришта аст.

Тасбеҳи зиндагист, ҳама муҳраҳои меҳр,

Дурдонаи мароми ҳамин нармришта аст.

Мо хӯшаи замини барӯманди модарем,

Моро чу дони бахт ба умед кишта аст.

Гарчи ба кӯи васл расидем, то ҳанӯз,

Раҳпои мо ба пушти дари ҳаҷр шиштааст.

Сӯзад барои мо, вале аз ҷинси нур нест,

Парвардигор пайкараш аз гил сиришта аст.

Бандад камар ба хидмати одам фаришта ҳам,

Модар фаришта нест, баланд аз фаришта аст.

 

 Албатта нисбати зан - модар дар шакли назму наср асарҳо эҷод кунему китобҳо нависем ҳам, наметавон ба пуррагӣ ситоиши онҳоро рӯи коғаз овард, яъне аз замин то само ҳама аз бузургиву фазилати онҳо шаҳодат медиҳад.

 

 Модар ин сарчашмаи меҳру муҳаббат, шафқати беканор, нури ҳар як хонадон, ҳуснбахши замину нусратбахши тамоми рӯҳи инсон, моҳи дурахшонест, ки шабҳои зулмоти моро пурнур мекунад. Нафаси ӯ насимест, ки оромиши тани моро дар он ҷой мекунад, чеҳраи нурониаш барои мо азизу муқаддас аст ва дастони навозишгараш таскинбахши мо дар ҳама лаҳзаҳои зиндагист. Модар бонуи ҳар як хонадон.

 

 Модар - калимаест муқаддас ва мафҳумест чун дунё бе оғозу бе анҷом, шахсиятест, ки зиндагӣ меофарад, набарди ҷовидони ҳаёт ба сар мебарад ва зиндагиро зинда мегардонад. Дунё бе зан - модар ҳеҷ аст, агар зан - модар намешуд, шоирону бузургон ва қаҳрамонҳо ҳам намебуданд, зеро ифтихори дунё аз модарон аст, ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад муҳаббати амиқтару самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад.

 

 Ягона шахсе, ки бахшояндаи хамаи гуноҳи мост, танҳо модар ба шумор рафта, қалби ӯ зеботарин ва ҷовидонатарин ҷойгоҳи фарзанд аст. Аз модар маҳбубтару муқаддастар ва бузургтар дар олам касе нест.

 

 Дар ростои ҷашни фархундаву фараҳбахши Рӯзи модарон, кулли занону бонувони кишварро самимона муборакбод гуфта, хушбахтиву сарфарозӣ, сиҳатмандиву хонаободӣ, иқболи накӯ ва толеъи баландро баҳрашон хостгорам. Бигзор чун ҳамешагӣ ба мисли офтоб бо шуълаҳои гарми худ зиндагии якояки моро дурахшон гардонида, то абад ҷовидону маҳбуб бимонед, модарони азизу ғамхори дунё.

 

 Рӯзи Модарон муборак бошад!

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

 

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ