Гуфтаҳо :

Тасарруфи молу мулки ғайр, бо истифода аз мақоми хизматӣ

 

Баротов Маҳмадсоли Маҳмудович, 01.03 соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии №27-и ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон вакили Маҷлисй вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз интихоб шуда, аз 25 майи соли 2012 то инҷониб дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз фаъолият карда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, қасдан бо истифодаи мақоми хизматӣ ҷинояти қаллобиро дар ҳолатҳои зерин содир намуд.
     Чунончӣ, тахминан моҳи марти соли 2011 шаҳрвандон Сангаков Фозилбек Додарбекович ва Сангаков Ғолибшо Додарҷонович оиди масъалаи ҳуҷҷагузорӣ ва тайёр кардани парвандаи заминсозии қитъаи замини наздиҳавлигии хонаи истиқоматиашон мавқеи мансабии ишғолнамудаи Баротов М.М.-ро ба инобат гирифта барои мусоидат кардан дар ин масъала муроҷиат карданд. Баротов М.М. аз чунин фурсати барояш муносиб истифода бурда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии Сангаков Ф.Д. ва Сангаков Ғ.Д. даромада, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварй ба онҳо ваъда дод, ки бар ивази маблаги муайян метавонад ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматии Сангаков Ф.Д., воқеъ дар ноҳияи Шаҳритуз, ҷамоати деҳоти Ҷ.Назаров, деҳаи А.Муродовро тайёр кардан ва гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин мусоидат менамояд.
     Сипас, Баротов М.М. бо мақсади амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар давраи солҳои 2011-2018 бо Сангаков Ф.Д. ва Сангаков Ғ.Д. дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз вохурда, аз онҳо бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ ва гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил намешавад, дар панҷ холат маблағи 6200 сомониро гирифта, ба манфиати худ сарф карда, ба номбурдагон зарари калон расонид.
   Вобаста ба ҳолати зикр гардида нисбати Баротов Маҳмадсоли Маҳмудович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в,г" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятй оғоз карда шуда тафтишоти пешакии он идома дорад.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.