Гуфтаҳо :

Ворид намудани молҳои сохтумони бо роҳи қочоқ

 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷӯстуҷӯи муайян гардид, ки Набиев Юсуф Аззамҷонович  зода ва истиқоматкунандаи н. Бобоҷон Ғафуров ҷ/д Ҳайдар Усмон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ронандаи воситаи нақлиёти боркаши шаҳрванд Файзиев Абдувоҳид Абдурашидович бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохтҳои гумрукӣ ва дар ин замина ба даст овардани фоидаи иловагӣ тибқи нақшаи мукаммали тарҳезишуда амал намуда 50000 киллограм арматураҳои қутрашон гуногун (аз 10 то 16 мм) истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россияро аз деҳаи Борбурдуки ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон аз шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо номи «Жаниш» бо арзиши 259300 сомонӣ харидори карда минбаъд бо мақсади фурухтан тавассути роҳи байни деҳаи Хистеварзи ҷамоати деҳоти Хистеварзи н. Б.Ғафуров пинҳони ва бидуни назорати гумрукӣ гузаронида, ба қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ба миқдори калон ворид намудаанд.

Тибқи хулосаи Филиали сугдии Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳои сохтумонии навъи арматура қутрашон гуногун маблағи 350000 ҳазор сомониро ташкил дода дар натиҷаи ба таври қочоқ ворид шудани моли мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва насупоридани пардохтҳои гумрукӣ зарар ба давлат ба маблағи 68208 сомонӣ расонида шуд

Нисбати шаҳрванд Набиев Юсуф Аззамҷонович бо модцаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Файзиев Абдувоҳид Абдурашидович бо моддаҳои 36 қисми 5 - 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакии он идома дорад.

 

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.