Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили 27 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 27 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар доираи чорабинии мазкур Асадулло Раҳмон - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо кормандони Агентиро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрик гуфта, мукофотҳои давлатиро ба як қатор кормандон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар ва бенуқсонашон қадрдонӣ гаштаанд, тақдим намуд.

Ҳамзамон Директори Агентӣ, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳамагонро бо ҷашни бузурги озодиву соҳибистиқлолӣ табрику таҳният гуфта, аз дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуд.

Қайд гардид, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдорӣ, шиносномаи ҳастии миллат ва соҳибихтиёрии тоҷикон буда, бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистони азиз бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ рох мепаймояд.

Мо кормандони Агентӣ дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор ҳастем, ки дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиамон доимо ҳушёру зирак бошем, барои таъмини волоияти қонун, ҳифзи субботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза барем.

Бо эҳсоси баланди масъулият ва шукргузорӣ аз неъматҳои моддию маънавие, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик муҳайё гардидааст, зери парчами давлатдории миллӣ мо қодир хоҳем буд, ки ба ҳадафҳои воло ва озодаи худ бирасем ва таърихи кӯҳанро шукуҳманду ифтихорофарин бигардонем.

Дар фарҷоми чорабинӣ Директори Агентӣ, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид як қатор кормандонро бо назардошти иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, тафтишу санҷишҳои фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва гузоштани саҳми босазо дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ба муносибати ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.