Гирифтани пора барои тайёр карда додани 4 адад шаҳодатномаҳои хатми курси кӯтоҳмуддати кафшергари

 

Шаҳрванд "А" ба Шуъбаи минтақавии Агентӣ дар ноҳияҳои водии Ҳисор бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки нисбати корманди Литсейи касбии металургии шаҳри Турсунзода бо номи Шамсулло чораи қонуни андешида шавад. Зеро номбурда аз ӯ барои ба номи писаронаш тайёр карда додани 4 адад шаҳодатномаҳои хатми курси кӯтоҳмуддати кафшергари ва барқкори ба сифати пора маблағи 5 000 ҳазор сомонӣ талаб намуда аз маблағи талабнамудааш 1500 сомониашро гирифта, айни ҳол боз овардани боқимонда 3500 сомонии дигарро талаб намуда истодааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ санаи 12 майи соли 2018 устои таълими истеҳсолии Литсейи касбии металургии шаҳри Турсунзода Ҳакимов Шамсулло Насруллоевич, ҳангоми гирифтани маблағи 3500 сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Ҳакимов Шамсулло Насруллоевич, бо моддаи 247 кисми 2 бандҳои "в,г"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.