Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни “Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 7 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

  Нахуст чорабиниро директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сумаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, бо шукургузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи фараҳбахш табрик гуфта, ба ҳамагон хонаободӣ, хушбахтиву пирӯзӣ, саодати зиндагӣ, табъи болида ва дар ҷоддаи фаъолият барору комёбиҳоро таманно намуданд.

 

 Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ бо дарки азамату шукӯҳи ин дастоварди олӣ, Истиқлолияти давлатиро “муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат” арзёбӣ кардаанд, ки воқеан ин баҳогузорӣ ҳақиқати бебаҳс аст.

 

 Дар воқеъ, охирҳои садаи ХХ-ум ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки бо тулӯи хуршеди истиқлолият тақдири давлати худро ба даст гирад. Ба ибораи дигар, танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ миллати куҳанбунёди тоҷик имкон пайдо кард, ки баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақил, ҳамчунин соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ гардад.

 

 Аз ҳар як фарди бонангу номуси ватан даъват ба амал оварда шуд, ки бо азму иродаи қавии худ ин Ватани биҳиштосову беназирро боз ҳам ободу зебо гардонида, барои бунёди ҷомеаи комилан адолатпарвару демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳмгузор бошем. Барои расидан ба ҳадафҳои воло ва озодаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садоқат ба Пешвои муаззами миллат ва халқи саодатманди хеш зери парчами  давлатдории  миллӣ таърихи навини худро монанди таърихи кӯҳан шукӯҳманд ва пурифтихор гардонем.

 

 Дар идомаи чорабинӣ кормандони мақомот бо маърӯзаҳои худ ҳайати шахсиро табрику муборакбод гуфта, доир ба рисолати таърихии ин санаи фархундапай ибрози андеша намуданд.

 

 Дар охир, бо назардошти натиҷаҳои назаррасӣ корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон ҳавасманд гардонида шуданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ