Гирифтани пора барои ноқобил ба хизмати ҳарбӣ эътироф намудан

 

Шаҳрванд “А” ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуда хоҳиш намудааст, ки нисбати амалҳои ғайриқонунии муовини сардухтури беморхонаи Марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов Темиров Абдуғафур Бобоҷонович ва аъзои комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбии ҳамин ноҳия Каримов Карим Азимович чораи қонунӣ андешида шавад. Зеро Темиров Абдуғафор Бобоҷонович, барои тавассути Каримов Карим Азимович, мусоидат намудан барои ноқобил ба хизмати ҳарбӣ эътироф намудани писари шаҳрванд “А” аз ӯ ба сифати пора маблағи 1150 доллари ИМА талаб намудаанд.
Сипас Темиров Абдуғафор Бобоҷонович, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Каримов Карим Азимович, амал намуда санаи 12 апрели соли 2018 аз шаҳрванд“А” дар утоқи кории худ маблағи 1000 доллари ИМА–ро ба сифати пора гирифта, худи ҳамон руз қисме аз ин маблағро ба миқдори 500 доллари ИМА ва 3700 сомониашро ба Каримов Карим Азимович, дода аз шаҳрванд“А” боз оварда додани боқимонда 150 доллари ИМА-ро талаб намудааст.
Дар навбати худ Каримов Карим Азимович, баъди гирифтани маблағи 500 доллари ИМА ва 3700 сомонӣ санаи 12 апрели соли 2018 ба манфиати порадиҳанда амали муайянро иҷро намуда писари шаҳрванд“А”-ро аз комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбӣ гузаронида, барои аз муоинаи тибби гузаштан ба Маркази клиникавии дермотологии вилояти Суғд роҳхат навишта додааст.
Баъдан Темиров Абдуғафор Бобоҷонович, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 18 апрели соли 2018 бо шаҳрванд “А” дар ҳудуди беморхонаи Марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохурда зимнан аз охирон қисми дигари маблағи талабнамудаашро дар ҳаҷми 1350 сомони гирифтааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишоти Темиров Абдуғафор Бобоҷонович дар ҷои ҷиноят боздошт гардида, маблағҳои пулии 1350 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.
Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Темиров Абдуғафор Бобоҷонович ва Каримов Карим Азимович, бо моддаҳои 36 қисми 4 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.