Гирифтани пора барои ҳуҷҷатгузори намудани манзили зист

 

Ятимов Муродали Табарович дар вазифаи Директори корхонаи фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Варзоб кор карда, бо суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз шаҳрванд “А” бори аввал маблағи 3500 сомонӣ гирифта, уро бовар кунонидааст, ки таввасути мақомоти судӣ ва минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ намудани хонаи падараш кумак мерасонад ва баъдан боз овардани маблағи 5500 сомонии дигарро аз ин шаҳрванд талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ятимов Муродалӣ Табарович, ҳангоми гирифтани маблағи 5500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз у ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.
Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Ятимов Муродали Табарович, бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.