Гуфтаҳо :

Оқибати гирифтани пора барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ

 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки раиси Ҷамоати деҳоти “Яккатут”-и ноҳияи А.Ҷомӣ Умарзода Анвар Умарбек сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти “Яккатут” деҳаи Пушкин бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо сӯиистифода аз мақоми хизмати барои ҷудо карда додани қитъаи замини назди ҳавлиги аз заминҳои корами обии деҳаи Хуросон аз шаҳрванд “А” маротибаи аввал 5000 рубли русӣ, маротибаи дуюм 5000 сомонӣ ба сифати пора талаб карда гирифта дар эҳтиёҷоташ сарф намуда, иловатан боз 45000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.
    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ 30 марти соли 2018 Умарзода Анвар Умарбек зимни аз шаҳрванд “А” ба сифати пора талаб карда гирифтани маблағи 45000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Ҳамин тариқ нисбати Умарзода Анвар Умарбек бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.