Анҷомёбии раисии Агентӣ дар Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

  Дар асоси қарорҳои ҷаласаи ХХ Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз моҳи августи соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисикунандаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардида буд.

 

  Боиси сарфарозист, ки дар доираи қарорҳои Шӯрои болозикр аз ҷониби кормандони Агентӣ  бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ як қатор чорабиниҳои судманд роҳандозӣ гардида, аз тарафи давлатҳои аъзо фаъолият дар ин самт самаранок арзёбӣ гардид.

 

  13 январи соли ҷорӣ дар асоси Қарорҳои навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Озарбойҷон раисикунандаи Шӯрои зикршуда интихоб гардида, Агентӣ ба сифати ҳамраисикунанда эътироф карда шуд.

 

 

  Агентӣ минбаъд низ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти хешро ба таври самаранок ба роҳ монда, дар ин самт чораҳои таъхирнопазирро  амалӣ менамояд.

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ