Ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ

  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории кишвар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба таври дахлдор ба роҳ мондааст.

 

  Аз ҷумла, дар доираи ин ҳамкориҳо санаи 25 октябри соли 2013 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сарони 6 давлат (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия) Созишнома дар бораи ташкили Шӯрои байнидавлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсияро (минбаъд - Шӯро) ба имзо расониданд.

 

  Шӯро мақомоти соҳавии ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ буда, дар доираи салоҳияти худ ҳамкории устувори байналмилалӣ ва қабули чораҳои самарбахшӣ дастаҷамъонаро дар самти мубориза бо коррупсия амалӣ менамояд.

 

  Аъзои Шӯро роҳбарони мақомоти салоҳиятдор ва (ё) мақомоти махсуси давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мубориза бо коррупсия мебошанд.

 

  11 июли соли 2019 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи панҷуми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.

 

  Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд, ки дар натиҷа як қатор қарорҳо қабул гардиданд.

 

  Ғайр аз ин, ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои ИДМ (минбаъд Шӯро) ба таври доимӣ ба роҳ монда шудааст. Шӯро бо мақсади пешгирии ҷинояткории молиявию иқтисодӣ ва аз байн бурдани мушкилот дар ошкор ва тафтиши онҳо 20 октябри соли 1999 аз ҷониби роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои ИДМ таъсис дода шудааст.

 

  30 ноябри соли 2000 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Шӯрои мазкур ҳамчун мақомоти соҳавии ҳамкориҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардида, Низомномаи он тасдиқ карда шуд.

 

  Шӯро фаъолияти худро ҳамасола дар шакли ҷаласа доир менамояд. Аз давраи таъсисёбӣ то ба имрӯз бо иштироки роҳбарони мақомоти тафтиши молиявӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар коршиносон 20 ҷаласаи Шӯро гузаронида шудааст.

 

  Маврид ба зикр аст, ки 21-23 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе 20-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

 

  Тибқи анъана дар ҷаласаи мазкур солҳои 2019-2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатро ба ӯҳда гирифт, ки онро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид роҳбарӣ менамояд.

 

  Боиси хушнудист, ки ҷаласаи мазкур дар муҳити дӯстона, руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоднокӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардид.

 

  Дар баробари ин, ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ дар доираи Нақшаи Истамбулии Амалҳо бо Котиботи Шабакаи зиддикоррупсионӣ барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР), Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе (САҲА) ва дигар ташкилтҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ба таври созгор ба роҳ монда шудааст.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ