Гуфтаҳо :

Гирифтани пора аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода

    Сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода майори милитсия Орифзода Қамариддин Камолиддин аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо нозири минтақавии маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода капитани милитсия Ҷонбобоев Акбар Ҷунайдович ғайриқонунӣ аз ваколатҳои мансабии худ истифода намуда, аз шаҳрванд «А» барои аз ҷавобгарӣ озод намудани бародараш, ба сифати пора маблағи 8000 сомонӣ талаб намудаанд. Баъд аз он, ки Орифзода Қамариддин ва Ҷонбобоев Акбар аз маблағи талабнамудаашон 4000 сомониашро гирифтаанд, бародари шаҳрванд “А”-ро аз тавқифгоҳи муваққатии нигаҳдории шуъба озод карда, боз овардани маблағи 2000 сомонии дигар талаб намуданд.

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ дар ру ба руи дискоклуби “Ҳабибӣ” воқеъ дар маҳаллаи 5-уми шаҳри Турсунзода баъди бо маслиҳати пешакӣ ба сифати пора аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2000 сомонӣ сардори Шӯъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Турсунзода Орифзода Қамариддин Камолиддин дастгир гардида, маблағҳои ба сифати пора гирифтааш аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

    Нисбати Орифзода Қамариддин Камолиддин ва Ҷонбобоев Акбар Ҷунайдович бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.