Гузориш аз натиҷаи курси омўзишӣ Гуруҳи Авруосиё (ГАО) оид ба муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) барои 2017

 

Гурўҳи корӣ дар ҳайати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи нақшаи кории Гуруҳи Авросиё (ГАО) оид ба муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) барои 2017 ва қарори Ҷаласаи 26-уми ГАО, дар курси омўзишӣ барои коршиносон-баҳогузорон дар самти МҚД/МТ, ки рўзҳои 11-15 декабри соли 2017, дар шаҳри Ташкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур намояндаҳои вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Ўзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки узви ГАО ба ҳисоб мераванд, ҳамчун аъзо ва нозир ширкат варзида, доир ба масъалаи баррасишаванда назари хешро иброз намуданд.
Зимни омўзиш аз тарафи котиботи ГАО тибқи нақшаи ин гуруҳ вобаста ба муҳимияти иҷроиши тавсияҳои байналмилалии ФАТФ доир ба МҚД/МТ ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин хавфи ин гуна амалҳои номатлуб дар рушди ҷомеа ва иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон дарсҳои назаривию амалӣ доир гардид.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.