Гуфтаҳо :

Қаллобии ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ вилояти Хатлон

 

Мудинов Раҳматулло Ҳомидович, дар вазифаи ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ вилояти Хатлон кору фаъолият намуда, аз ваколатҳои мансабиаш истифода карда, бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои пешниҳод кардани хулосаи тиббӣ-судӣ вобаста ба фарзандаш дар хусуси бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ маблағи 13.000 сомонӣ талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, кўчаи Ваҳдат, назди бинои Терминали мусофиркашонии шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 13000 сомонӣ, Мудинов Раҳматулло Ҳомидович дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Мудинов Раҳматулло Ҳомидович бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.