Азони худкунии маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон аз тарафи масъулини “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”

Эргашев Б.С. дар вазифаи сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” кор карда истода, бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ҳамин корхона Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул дар ҳолатҳои зерин ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир намудаанд.

 

Чунончи, Эргашев Б.С. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накарда, дар давоми соли 2023 тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари худ Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул таҷҳизотҳои барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2.136.613,31 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

 

Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбати Бобоев Б.Қ., Эргашев Б.С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида бо пуррагӣ барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан