Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда пайваста тадбирҳои судманд андешида, дар самти муқовимат бар зидди коррупсия, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соли 2018 корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Чунончӣ, дар ин давра мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 1248 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 601,4 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 520,3 млн. сомонӣ ё 86,5 фоиз барқарор карда шудааст, ки 236 млн. сомонӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 284,3 млн. сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо рост меояд.

Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар давраи сипаришуда 2047 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки 598 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Аз ҷумла, 553 ҷиноятҳои қаллобӣ, 20 ҷиноятҳои саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо, 119 ҷиноятҳо вобаста ба гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯи ошкор ва бақайд гирифта шудааст.

Маблағи умумии зарар бо ҷиноятҳои ошкоргардида 442,0 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки тавассути чораҳои андешидашуда 225,4 млн. сомонии он барқарор карда шудааст. Аз ҷумла ба давлат 84,0 млн. сомонӣ, ба корхонаю ташкилотҳо 166,2 млн. сомонӣ ва ба шаҳрвандон 5,2 млн. сомонӣ барқарор гардида, баҳри рӯёнидани маблағи зарари боқимонда чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар ин давра аз ҷониби кормандони Агентӣ 79 аризаҳои даъвогӣ ба маблағи умумии 303,5 млн. сомонӣ ба судҳо пешниҳод карда шудааст, ки дар натиҷа 49 адади он ба маблағи умумии 236,7 млн. сомонӣ қонеъ карда шудааст.

Қобил ба зикр аст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маориф ва илм 96, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 108, нақлиёт 38, кишоварзӣ 21, энергетика ва захираҳои об 1, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 39, саноат ва технологияҳои нав 7, молия 7, инчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 88, Кумитаи ҳифзи муҳити зист 4, Кумитаи телевизион ва радио 3, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 18, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 5, Кумитаи ҷавонон ва варзиш 2, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо 6, ҷамъиятҳои саҳомӣ 255, соҳибкорони инфиродӣ 435, соҳаи бонкӣ 305 ва дар дигар идораву корхонаҳо 225 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Инчунин аз ҷониби кормандони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 232 ҷиноят содир гардидааст.

Муфаттишони Агентӣ дар ин давра 873 парвандаҳои ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 617 адади онро нисбати 823 нафар ба анҷом расониданд, ки аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии ба анҷом расонидашуда 492 парванда нисбати 655 нафар айбдоршавандагон бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои баррасӣ ба судҳо ирсол карда шудааст.

Дар соли 2018 ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ 1291 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва нисбати шахсони ба қонуншиканиҳо роҳ дода, ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Дар ин давра ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор баҳри пардохти бақияпулиҳои андоз 2292 дастурҳои хаттӣ ба маблағи умумии 184,8 млн. сомонӣ ирсол гардида, аз ин 54,2 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони Агентӣ 1350 пешниҳодҳо ирсол гардида, бо натиҷаи баррасии онҳо нисбати 673 нафар огоҳӣ, 726 нафар сарзаниш, 544 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 172 нафари дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, 62 ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҷӯӣ карда шудааст.

Дар натиҷаи чораҷӯии кормандони Агентӣ 290 ҳолати вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор карда шуда, нисбати қонунвайронкунандагон чораҳои дахлдор андешида шудааст.

Ба Агентӣ дар ин давра ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронидан 1247 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки 1223 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 95 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа бозпас гардонида шудаанд.

Дар соли 2018 ба Агентӣ 4716 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин теъдод 397 муроҷиат қонеъ, ба 792 муроҷиаткунанда талаботи қонун фаҳмонида дода шуда, 1418 муроҷиатҳо аз рӯи тобеияти санҷишӣ ба дигар мақомотҳо ирсол карда шудааст.

Аз муроҷиатҳои баррасишуда бо 200 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 998 муроҷиатҳо ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва маводҳо ҳамроҳ карда шудаанд. Бо натиҷаи баррасии 633 муроҷиатҳо қарорҳо дар бораи рад намудан аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ қабул гардида, 213 муроҷиатҳо бо сабаби беном буданашон мавриди баррасӣ қарор дода нашуданд.

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.