Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Нишастҳо

      Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019, имрӯз дар Агентии ....
30.07.2019 12:52 263


Масъулини Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо рӯзҳои 23-26 январи соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёстаи дохилӣ ....
05.02.2019 08:44 529


  Имруз дар бинои Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масалаҳои ҳуқуқӣ Бобозода У. ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур Директори Агентӣ, ....
01.08.2018 14:08 489


                                           ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ....
31.07.2018 17:31 552


Ба диққати намояндагони ВАО расонида мешавад, ки санаи 01 августи соли 2018 соати 09:00 дақиқа дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Карамов 20, нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои ....
31.07.2018 09:11 581


  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2017 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти иқтисодии давлат корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст. Дар ин давра самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, ....
15.02.2018 15:13 967


  Ба диққати намояндагони ВАО расонида мешавад, ки санаи 15-феврали соли 2018 соати 09:00 дақиқа дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Карамов 20, нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ....
13.02.2018 15:14 823


  Ба диққати намояндагони ВАО расонида мешавад, ки санаи 08-декабри соли 2017 соати 10:00 дақиқа дар бинои марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Карамов 20 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони Созмони ....
07.12.2017 10:42 1036


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.