Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Баргузори мизи мудаввар

14 марти соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Маркази  милли  қонунгузории  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон мизи  мудаввар  ҷиҳати  муаррифӣ  намудани  тавсияҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентӣ - Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма Муқимӣ Н. ва муовини сардори ҳамин Раёсат Назарализода И.Н. иштирок намуданд.

Боиси қайд аст, ки дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  28  марти соли  2018,  № 41167 (29-8) вобаста ба таҳлил намудани самтҳои муқовимат бо коррупсия ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятии кишвар доир ба мутобиқгардонии ин самтҳои қонунгузорӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, дар заминаи Марказ гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби намояндагони шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Иттифоқи адвокатҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Гурӯҳи корӣ дар самтҳои мазкур фаъолияти худро ба роҳ монда, таҳлили самтҳои муқовимат бо коррупсияро ба анҷом расонид.

Мизи мудавварро бо суханони ифтитоҳӣ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муртазоқулов Ҷамшед Сайдалиевич – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷеннифер Обер – Директори  Филиали Ассотсиатсияи  Ҳуқуқшиносони Амрико дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Дар идома Муртазоқулов Ҷ.С. ҷиҳати шарҳи тавсияҳо вобаста ба номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, муқаддима, мафҳумҳои асосӣ, ном ва матни моддаи 2, ном ва матни моддаи 4,  принсипи нав ва таҷдиди яке аз принсипҳо  (тавсияҳои 1-11) суханронӣ намуд. Баҳриддинзода С.Э., шарҳи тавсияҳоро вобаста ба  илова намудани дигар мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, ҳамкории байналмилалӣ, чораҳои пешгирии коррупсия, хавфҳои коррупсионӣ, нақши ВАО  ва чораҳои институтсионалии пешгирии коррупсия  (тавсияҳои 12-21) муаррифӣ намуд. 

Роҳбари гуруҳи корӣ Баҳриддинзода С.Э. дар фарҷом мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, нақшаҳои ояндаро дар робита ба мавзуъи мазкур шарҳу тавзеҳ дод.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.