Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод.152; с.2013, №6, мод.405, мод. 406; с.2014, №7, қ. 1, мод. 397)

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 967, № 968, аз 26.07.2014 № 1100, аз 24.02.2017 № 1404)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат тавассути фароҳам овардани механизми ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом танзим ва асосҳои ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд  (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок қабл аз қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ба даст оварда шудаанд.

- қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рўйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ва ё мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ў тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рўйпуш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- молу мулк (воситаҳо) - ҳар гуна дороии моддӣ ё ғайримоддӣ, манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳои гуногуншакл, аз ҷумла дар шакли электронӣ ё ададӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ, чекҳои роҳ, чекҳои бонкӣ, интиқолҳои почтавӣ, саҳмияҳо, қоғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо;

- маблағгузории терроризм - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра, ё қисман истифода бурдани онҳо ва ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз тарафи террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ истифода мешаванд, ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ, ё барои ташкил, тайёр ва содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 179(1), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3) 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, истифода мегарданд, ҳамчунин агар ин воситаҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои зикршуда истифода нашуда бошанд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акт (актҳои) мушаххаси террористӣ алоқаманд набошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- мақоми ваколатдор - мақоми давлатӣ, ки мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мувофиқи Қонуни мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- амалиёт (аҳд) бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк - амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои муқаррар кардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ нисбат ба маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк равона гардидааст;

- аҳд ва амалиёти шубҳанок - аҳд ва амалиёт (кўшиши анҷом додани аҳд ва амалиёт) бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк, ки мутобиқи Қонуни мазкур ҳамчун аҳд ва амалиёти шубҳанок муайян ва феҳристи аломатҳои онҳо аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқ шудааст;

- мониторинги молиявӣ - маҷмўи чорабиниҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳо (ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ амалиёт мегузаронанд), мақоми ваколатдор ва мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- назорати ҳатмӣ - маҷмўи чораҳои андешидаи мақоми ваколатдор барои назорат кардани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар асоси иттилооти пешниҳодкардаи ташкилотҳое, ки чунин амалиётро анҷом медиҳанд, ҳамчунин санҷиши ин иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати дохилӣ - фаъолияти ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк барои ошкор кардани амалиёти (кўшиши анҷом додани аҳди шубҳаноки) ҳатман назоратшаванда ва дигар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалиёт анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- шахсони сиёсии бонуфуз - шахсоне, ки ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (шахсони бонуфузи сиёсии миллӣ) ё дар давлати дигар (шахсони бонуфузи сиёсии хориҷӣ - сарони давлатҳо ё ҳукуматҳо, ходимони баландпояи сиёсӣ, шахсони олии мансабдори ҳукумат, судҳо, қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фискалӣ, роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, инчунин роҳбарон ва ходимони ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ, шахсоне, ки ба онҳо вазифаҳои муҳими ташкилоти байналмилалӣ бовар карда шудааст) вазифаҳои муҳими давлатӣ пешниҳод шудаанд, аз ҷумла шахсони собиқ дар ин мансабҳо фаъолиятнамуда ва хешовандони наздики онҳо (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- молик-бенефитсиар (манфиатгир) - як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- бонки ниҳонӣ - бонке, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда, иҷозатнома гирифтааст, вале воқеан вуҷуд надорад ва бо ягон гурўҳи молиявии танзимшаванда, ки бояд таҳти назорати муштарак қарор гирад, муттаҳид нашудааст;

- минтақаҳои оффшорӣ - давлат ва ҳудуде, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) тартиби низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамояд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро ҳангоми гузаронидани амалиётҳои молиявӣ бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк пешбинӣ намекунад;

- траст - интиқоли маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк аз тарафи як шахс (муассиси траст) ба шахси дигар (мудир) дар асоси боварӣ ба шарте, ки мудир дар кори худ нисбат ба ин маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк талаботу дастурҳои муассиси трастро ба роҳбарӣ мегирад;

- муштарӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз хизматрасонии ташкилоти бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷомдиҳанда бархурдор аст, инчунин шахси дигаре, ки тибқи ваколатҳо ўҳдадориҳои ба ў боваркардашударо амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- хавф - маҷмўи таҳдидҳо, осебпазирӣ ва фарорасии оқибатҳо барои ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷомдиҳанда бо мақсади истифода дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳангоми пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо мутобиқи хусусияти фаъолияташон (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- ғайрифаъолгардонии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар - ба ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷомдиҳанда манъ кардани интиқол, мубодила, ихтиёрдорӣ ва амалиёти дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари ба муштарӣ тааллуқдошта, ки ба рўйхати ташкилот ва шахсони воқеӣ дохил карда шуда, оид ба даст доштани онҳо ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумоти кофӣ мавҷуд аст (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- идорасозии хавфҳо - тадбирҳои аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷом медиҳанд, барои ташкил ва таъмини фаъолияти низоми идорасозии хавфҳо, ки аз ҷумла муайян (ошкорсозӣ), баҳодиҳӣ (андоза намудан) мониторинг, назорати хавфҳоро бо мақсади коҳиш додани онҳо пешбинӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- таҳримҳои байналмилалӣ - таҳримҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- мушаххаскунии муштарӣ - гирифтани маълумоти мушаххаскунанда аз тарафи ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад, аз муштарӣ (намояндаи муштарӣ) (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

- маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - амалҳо оид ба пешниҳод, ҷамъоварӣ ё истифодаи ҳама гуна дороиҳо барои паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки барои анҷом додани онҳо таҳримҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур муносибатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, ташкилотҳоеро, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, инчунин мақомоти давлатиеро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк назорат мекунанд, бо мақсади пешгирӣ, ошкор кардан ва роҳ надодани амалҳое, ки бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд мебошанд, танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

2. Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, филиалу ташкилотҳои фаръии онҳо ва дигар воҳидҳои алоҳида, ки анҷом додани амалиётро бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таъмин мекунанд, татбиқ мегардад.

БОБИ 2. ПЕШГИРИИ ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404)

Моддаи 4. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд

Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, инҳоянд:

1) ташкилотҳои қарзӣ;

2) иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок;

3) ташкилотҳои суғурта ва иҷораи молиявӣ (лизинг);

4) ташкилотҳои алоқаи почта;

5) ломбардҳо;

6) ташкилотҳое, ки молу мулки ғайриманқул, фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти заргарӣ, инчунин шикастапораҳои ин маснуотро хариду фурўш мекунанд;

7) ташкилотҳое, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозиҳои лотерея ва дигар бозиҳои бурднокро барпо мекунанд, ки дар онҳо ташкилкунанда дар байни иштирокчиён фонди ҷоизавӣ, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузорад;

8) ташкилотҳое, ки фондҳои сармоягузорӣ ё фондҳои ғайридавлатии нафақаро идора мекунанд;

9) адвокатҳо, шахсоне, ки фаъолияти нотариалиро анҷом медиҳанд, дигар ҳуқуқшиносон ва муҳосибони мустақил, соҳибкорони инфиродие, ки ҳангоми омода ё анҷом додани аҳдҳои муштариёни худ барои хариду фурўши молу мулки ғайриманқул, идоракунии маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок ё дигар молу мулки муштариён хизмати ҳуқуқӣ мерасонанд, идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ, амонатӣ ё суратҳисоби қоғазҳои қиматнок, инчунин ҷамъи маблағҳо барои таъсис, таъмини фаъолият ё идора кардани ширкатҳо ва таъсиси онҳо, таъмини фаъолият ё идоракунии шахси ҳуқуқӣ ё ташкили хариду фурўши корхонаҳоро анҷом медиҳанд;

10) ширкатҳои аудиторӣ, аудиторҳои инфиродӣ;

11) ташкилотҳое, ки барои траст ё ташкили ширкатҳо хизмати худро пешниҳод мекунанд;

12) нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

13) хадамоти гумрук, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақли маблағҳои пулии нақд ва ҳуҷҷатҳои муомилоти манзурии резидентҳо ва ғайрирезидентҳо назорат мекунад.

Моддаи 5. Чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404)

1. Ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд, инҳо дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404):

1) назорати дохилӣ;

2) назорати ҳатмӣ;

3) манъи додани иттилоот ба муштариён ва дигар шахсон (ба истиснои кормандони мақомоти назоратӣ) оид ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

4) чораҳои дигаре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешаванд.

2. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, ўҳдадоранд расмиёти зеринро оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ анҷом диҳанд:

1) шахсияти муштариро муайян ва санҷиш кунанд, яъне баъзе чорабиниҳоро барои муайян кардани шахсияти муштарӣ - шахси воқеӣ (насаб, ном, номи падар (ба шарте, ки аз қонун ё одатҳои маъмул чизи дигар барнаояд), шаҳрвандӣ, мушаххасоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, маълумоти корти муҳоҷират, ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандро ба будубош (истиқомат) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, нишонии ҷойи истиқомат (ҷойи қайд) ё ҷойи будубош, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами суратҳисоб (агар бошад); шахси ҳуқуқӣ (ном, рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи ташкилоти хориҷӣ ё рақами давлатии қайд, ҷойи бақайдгирии давлатӣ ва ҳуқуқ ба моликият, инчунин нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ) анҷом диҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 967);

2) шахсияти молик-бенефитсиарро муайян намоянд ва бисанҷанд;

3) дар бораи ҳадафҳо ва хусусияти эҳтимолии муносибатҳои корӣ маълумот гиранд;

4) муносибатҳои кориро мунтазам тафтиш карда, дар рафти амалӣ намудани ин гуна муносибатҳо амалиёти бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк иҷрошавандаро амиқ омўзанд, то амалиёти иҷрошаванда ба маълумоти ташкилот дар бораи муштарӣ, фаъолияти вай ва хусусияти хавфҳо мувофиқат кунанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

5) на камтар аз як маротиба дар се сол маълумотеро, ки дар бораи муштарӣ мутобиқи бандҳои 1-3 қисми 2 моддаи мазкур гирифта шудааст, нав намоянд.

6) талаботи бандҳои 1) ва 2) қисми 2 моддаи мазкурро тибқи дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 967);

7) Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, ҳуқуқ надоранд дар иҷрои муқаррароти бандҳои 1-3 ва 5 қисми 2 моддаи мазкур дар ҷараёни санҷиши дахлдори муштарӣ ё ҳангоми пешниҳоди ташкилот ба миёнаравон ё тарафи дигари сеюм умед банданд;

8) мушаххаскунии муштарӣ ва омўзиши фаъолияти молиявии ў ҳангоми шубҳа доштан ба алоқамандии амалиёти молиявӣ бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё ба маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ҳамчунин ҳангоми гузарондани амалиёти молиявии якдафъаина бо муштариён ба маблағи баробар ба андозаи муайяннамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур ё зиёда аз он (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

3. Расмиёти дар бандҳои 1-3 қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда бояд дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда шавад:

1) ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ;

2) ҳангоми анҷом додани ҳар гуна аҳди якдафъаина, ки маблағаш аз ҳадди дар моддаи 6 Қонуни мазкур муқарраршуда зиёд мебошад;

3) ҳангоми ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва (ё) маблағгузории фаъолияти террористӣ гумонбар шудан;

4) дар ҳолате, ки шахси пешниҳодкунандаи маълумот ба дурустӣ ва мутобиқати маълумоти қаблӣ доир ба шахсияти муштарӣ дастрасшуда шубҳа дошта бошад.

4. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, вазифадоранд расмиёти дар бандҳои 4 ва 5 қисми 2 моддаи мазкур зикршударо дар давоми тамоми мўҳлати муносибат бо муштарӣ амалӣ намоянд. Талаботи дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида бояд ба ҳамаи муштариёни нав ва пешина татбиқ гардад.

5. Агар ташкилоти бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт гузаронанда муқаррароти бандҳои 1-3 ва 5 қисми 2 моддаи мазкурро иҷро карда натавонад, он гоҳ вай ҳуқуқи кушодани суратҳисоб, ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ, анҷом додани амалиётро надорад ва бояд муносибатҳои кориро қатъ кунад, инчунин масъалаи фиристодани хабарномаро дар бораи аҳди шубҳанок вобаста ба ин муштарӣ баррасӣ намояд.

6. Талаботи дар Қонуни мазкур пешбинигардида барои ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, инчунин ба филиалу ташкилотҳои фаръии онҳо дар хориҷа, ки ба ҳиссаи афзалиятнок иштирок доранд, ба он андозае, ки онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати ҷойгиршавии ин филиалҳо ва ташкилотҳои фаръӣ иҷозат медиҳанд, татбиқ карда мешавад. Агар қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар давлате, ки ин филиалу ташкилотҳои фаръӣ ҷойгир мебошанд, татбиқи талаботи Қонуни мазкурро манъ намоянд ё садди роҳи он гарданд, он гоҳ ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, бояд ба мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзим ва назорати давлатиро амалӣ менамоянд, дар бораи талаботи Қонуни мазкурро иҷро карда натавонистани филиалҳо ва ташкилотҳои фаръии дар ин давлат ҷойгирбуда хабар диҳанд.

7. Таъсиси бонкҳои ниҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

8. Ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкиро доранд, ҳуқуқи бо бонкҳои ниҳонӣ ба роҳ мондани муносибатҳои мустақими муросилотӣ ё идома додани ин гуна муносибатҳоро надоранд, инчунин бояд барцшдди анҷом додани аҳду амалиёт бо ташкилотҳои муросилотии молиявии хориҷие, ки ба бонкҳои ниҳонӣ истифода бурдани суратҳисобҳояшонро иҷозат медиҳанд, чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

9. Бо мақсади додани иҷозатнома ва танзими фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон номгўи субъектҳо, давлатҳо, ҳудудҳои минтақаҳои оффшориро муайян карда, қоидаҳои анҷом додани аҳду амалиётро бо онҳо муқаррар мекунад.

Моддаи 6. Амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва бо молу мулки дигар, ки бояд зери назорати ҳатмӣ қарор дошта бошанд

1. Амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва (ё) молу мулки дигар бояд ҳатман назорат карда шавад, ба шарте ки он аз рўи хусусияти худ ба яке аз намудҳои амалиёти дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда тааллуқ дошта, дар шакли нақд ва ба амалиёти пешбиникардаи бандҳои 6, 7, 9, 11 ва 18 қисми 2 моддаи мазкур дар шакли ғайринақдӣ дар ҳаҷми зерин иҷро карда шавад:

1) барои амалиёти дар бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида - ба маблағи баробар ба 14 000 сомонӣ ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши  350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1100);

2) барои амалиёти дар бандҳои 3-17 ва 20 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида - ба маблағи баробар ба 1 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1100, аз 24.02.2017 № 1404);

3) барои амалиёти дар бандҳои 18 ва 19 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида - ба маблағи баробар ба 500 000 сомонӣ ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 12 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1100);

4) барои амалиёти дар банди 21) қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида ба маблағи баробар ба 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ва ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиш ба 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

2. Ба амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк, ки ҳатман назорат мешавад, инҳо тааллуқ доранд:

1) гирифтани бурди бозӣ дар натиҷаи иҷрои шарт, қиморбозӣ, инчунин лотерея, аз ҷумла дар шакли электронӣ;

2) хариду фурўш ва мубодилаи асъори нақди хориҷӣ тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор;

3) гирифтани пул бо чек ё вексел, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рўзи пайдарпайи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

4) мубодилаи пулҳои коғазии арзишашон якхела ба пулҳои коғазии арзишашон гуногун, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рўзи пайдарпайи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

5) аз суратҳисоби бонки гирифтан ё ба суратҳисоби муштари гузаронидани пул, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рўзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

6) ба суратҳисоби бонкии муштарӣ ворид кардан ё интиқол додани пул аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, дар он ҷо маҳалли зист ё ҷойи будубош доранд ва дар бонке, ки дар минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шудааст, суратҳисоб доранд ё интиқоли маблағ аз тарафи муштарӣ ба манфиати гурўҳи шахсони зикршуда, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давомӣ ҳафт рўзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

7) интиқоли пул ба хориҷа ба суратҳисобҳои (ба амонатҳои) барои молики номаълум кушодашуда ва ворид шудани пул аз хориҷа аз суратҳисоби (пасандози) ба номи молики номаълум кушодашуда, ки ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рўзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

8) кушодани суратҳисоби амонатӣ (пасандоз) ба фоидаи шахси сеюм ва (ё) ворид кардани пул ба ин суратҳисоб, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рўзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

9) пардохтпулӣ ва интиқоди пул, ки муштарӣ ба фоидаи шахси дигар ройгон анҷом медиҳад;

10) хариди (фурўши) сарватҳои фарҳангӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз он берун бурдани онҳо;

11) амалиёти иҷронамудаи шахсони ҳуқуқӣ, ки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии онҳо на камтар аз се моҳ гузаштааст;

12) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бурдани асъори нақд, ба истиснои ворид ё берун бурдани он аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва корхонаи ба хизматгузории почта алоқаманд;

13) анҷом додани пардохти суғурта ё гирифтани мукофоти суғурта;

14) ба фондҳои андўхти нафақа ворид намудан, интиқол додани саҳмияи ихтиёрии нафақа, инчунин пардохтпулиҳои нафақа аз фондҳои андўхти нафақа аз ҳисоби ҳақгузориҳои ихтиёрии нафақа;

15) гирифтани молу мулк ё додани он аз рўи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг);

16) аҳдҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла пудратӣ, ҳамлу нақл, экспедитсияи нақлиётӣ, нигаҳдорӣ, комиссия, дар асоси боварӣ идора кардани молу мулк;

17) хариду фурўш ва дигар амалиёт бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо;

18) аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулке, ки аз қайди давлатӣ гузаштанашон ҳатмист;

19) аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок;

20) интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

21) интиқоли электронии маблағҳо (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

3. Аҳд ва амалиёти шубҳанок новобаста ба маблағе, ки анҷом дода шудааст ё метавонад анҷом дода шавад, бояд таҳти назорати ҳатмӣ қарор гиранд.

4. Агар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк бо асъори хориҷӣ анҷом дода шавад (навъи асъор ҳатман нишон дода мешавад), он гоҳ андозаи он бо пули миллӣ аз рўи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар таърихи анҷом додани ин гуна амалиёт амал мекунад, муайян карда мешавад.

5. Меъёрҳои муайян кардани аҳд ва амалиёти шубҳанок инҳоянд:

1) анҷом додани аҳдҳое, ки мақсади муайяни иқтисодӣ надоранд;

2) иҷрои амалҳое, ки барои саркашӣ аз расмиёти мониторинги молиявӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, равона шудаанд;

3) мавҷуд будани асосҳои мақбул ё шубҳаноки ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронад, дар бораи он ки аҳдҳо бо мақсади қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм анҷом дода мешаванд.

6. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, бояд ба муносибатҳои корӣ ва амалиёт бо шахсон, аз ҷумла ширкатҳо ва ташкилотҳои қарзии кишварҳое, ки меъёрҳои байналмилалии соҳаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро истифода намебаранд ё нокифоя истифода мебаранд, таваҷҷўҳи махсус зоҳир намоянд. Дар ҳама ҳолатҳо, агар ин амалиёт мақсади муайяни иқтисодӣ ё қонунӣ надошта бошад, дар ин маврид бояд чораҳои асосноку дастрас барои омўзиши асос ва таъини ин гуна амалиёт андешида шаванд. Маълумоти гирифташуда бояд дар шакли хаттӣ сабт гардида, ба мўҳлати на камтар аз панҷ сол аз рўзи қатъ гардидани муносибат бо муштарӣ нигаҳдорӣ шавад, инчунин дар ҳолати дархости дахлдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чунин маълумот ба онҳо пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

7. Амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк ҳатман назорат мешавад, агар ақаллан яке аз тарафҳо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ бошад, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар бораи иштироки ў дар фаъолияти террористӣ маълумот дастрас гардад ё шахси ҳуқуқие бошад, ки бевосита ё бавосита моликияти шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ таҳти назорати онҳо бошад ё шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие бошад, ки аз ном ё бо дастури ин гуна ташкилотҳо ё шахсон амал кунад. Рўйхати ин гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мақоми ваколатдор муайян карда, барои маълумот ба ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ирсол менамояд.

8. Барои ба рўйхати дар қисми 7 моддаи мазкур пешбинигардида дохил кардани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ инҳо асос мебошанд:

1) ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гунаҳгор донистани шахси воқеӣ дар содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ;

2) қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳӣ ё манъи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, бинобар аз тарафи вай анҷом дода шудани фаъолияти экстремистӣ;

3) аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ў ба суд оид ба боздоштани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани вай барои фаъолияти террористӣ;

4) қарори муфаттиш ё прокурор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахсе, ки ҷинояти дорои хусусияти террористӣ содир намудааст;

5) дохил кардан ба рўйхати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии бо ташкилотҳои террористӣ ё террористон алоқаманд, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм муборизабаранда ё аз тарафи мақомоти ваколатдоркардаи онҳо, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тасдиқ карда мешавад.

6) ҳукмҳои (ҳалномаҳои) судҳо ва қарорҳои дигари мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ нисбат ба ташкилотҳо ва шахсони воқеие, ки фаъолияти террористӣ анҷом медиҳанд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.

Моддаи 7. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд

1. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ўҳдадоранд:

1) шахси таҳти хизмат дар ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад, қарордоштаро муайян кунанд;

2) маълумоти зеринро ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё кушодани суратҳисоб аз рўи амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки бояд ҳатман зери назорат бошанд, дар асоси ҳуҷҷат ба қайд гиранд:

а) намуди амалиёт ва асос барои анҷом додани он;

б) таърихи анҷом додани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк, ҳамчунин маблағе, ки бо он амалиёт анҷом дода шудааст;

в) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани шахси воқеӣ, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад (маълумоти шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад), рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), нишонии маҳалли зист;

г) ном, рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), рақами бақайдгирӣ, ҷои бақайдгирӣ ва нишонии маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳукуқие, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад;

д) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо супориш ё аз номи ў бо маблағҳои пулӣ ё бо дигар молу мулк амалиёт сурат мегирад, рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), нишонии маҳалли зисти шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ;

е) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк аз номи шахси дигар дар асоси ваколатҳои бо боваринома додашуда, қонун ё дар асоси санади мақоми ваколатдори давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалиёт анҷом медиҳад ва маълумот дар бораи нишонии маҳалли зисти намояндаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;

ё) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани гирандаи маблағ аз рўи амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк ва намояндаи вай, аз ҷумла рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), нишонии маҳалли зист ва (ё) маҳалли воқеъшавии гиранда ва намояндаи вай, агар инро қоидаҳои анҷом додани амалиёти дахлдор пешбинӣ намуда бошанд;

3) иттилооти дар банди 2 қисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо нисбат ба амалиёте, ки бояд ҳатман зери назорат бошад, ба мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд. Тартиб ва мўҳлати пешниҳод намудани маълумотро мақоми ваколатдор муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 967);

4) фавран ба мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамуда дар бораи анҷомдиҳии ҳар як аҳд ё амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кўшиши анҷом додани аҳд ё амалиёти шубҳанок) хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

5) оид ба боздошт, ғайрифаъолгардонӣ ва фаъолгардонии маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки ба ташкилот ё шахси воқеӣ тааллуқдошта, ки дар бораи даст доштани онҳо ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом асосҳои кофӣ мавҷуданд, чораҳо андешанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

6) оид ба ошкор, баҳодиҳӣ, назорат ва коҳиш додани хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (аз рўи намуди муштарӣ, мавқеи ҷуғрофии кишвари бақайдгирии муштарӣ ё муассиса, ки тавассути он ў интиқоли (гирифтани) дороиҳо, мол ва хизматрасониро анҷом медиҳад, чораҳои зарурӣ андешанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

7) ҳангоми ошкор кардани хавфҳо оид ба коҳиш додан ва назорат кардани онҳо чораҳои дахлдор андешанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

8) бо мақсади идорасозии хавфҳо ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ бо муштарӣ ҳамаи воситаҳои иттилоотӣ, инчунин манбаъҳои байналмилалии эътирофшудаи маълумотро истифода баранд, аз ҷумла он воситаҳои иттилоотие, ки гузарондани амалиёти молиявиро бидуни тамоси мустақим бо муштарӣ таъмин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

2. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, бояд қоидаҳои назорати дохилиро бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин нақшаҳои амалӣ намудани ин қоидаҳоро таҳия намоянд. Қоидаҳои мазкур бояд инҳоро дар бар гиранд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404):

1) низоми дохилӣ оид ба санҷиши дахлдори муштариён ва нигоҳдории маълумоте, ки дар натиҷаи чунин санҷиш ба даст омадааст;

2) низом ва дастур оид ба ошкор кардани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки бояд ҳатман назорат шавад;

3) тартиби интихоб ҳангоми киро кардани кормандон;

4) талаботи тахассусӣ барои омодасозӣ ва таълими кормандон, барномаи таълимии кормандон;

5) на кам аз як маротиба дар ду сол омодасозӣ ва бозомўзии кормандон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

6) тартиби аудити дохилӣ барои санҷиши низоми чораҳо дар ташкилотҳо оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, қоидаҳои назорати дохилиро бо назардошти тавсияҳои тасдиқкардаи мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо мақомоти назоратӣ мутобиқи салоҳияти худ таҳия ва тасдиқ менамоянд;

7) талабот нисбат ба шахси масъул (корманди бахши комплаенс) ва шахсони ўро ивазкунанда, ки барои риояи қоидаҳои назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, оид ба ошкорсозӣ, баҳодиҳии хавфҳо ва механизмҳои коҳиш додани онҳо масъул мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

3. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, бояд барои риояи қоидаҳои назорати дохилӣ шахсони мансабдори масъулро ё шахсе, ки вазифаҳои корманди масъулро дар ҳолати набудани он муваққатан иҷро мекунад, таъин намоянд. Ин шахсон бо қарори роҳбари Раёсат, Шўрои директорон (Шўрои нозирон) (мувофиқи шакли ташкилию ҳуқуқӣ) ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, таин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

4. Ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти дар моддаи мазкур зикршударо тасдиқ мекунанд, нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки барои муайян кардани шахсият зарур мебошанд, файли суратҳисобҳо ва мукотибаи расмӣ бояд на камтар аз панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ ва баста шудани суратҳисоб нигаҳдорӣ карда шаванд (дар ин маврид мўҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳо имкон дорад аз тарафи мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ тамдид карда шавад).

5. Талаботи санҷиши дахлдори муштарӣ нисбати шахсони зерин, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, татбиқ мегардад:

1) агентҳои амволи ғайриманқул вақте ки онҳо ба амалиёти хариду фурўши амволи ғайриманқул барои муштарии худ ҷалб шудаанд;

2) дилерҳои фулузоти қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳо - вақте ки онҳо ба ҳар гуна амалиёт бо маблағҳои нақд бо муштарӣ баробари ҳадди муқарраршуда ё зиёда аз он ҷалб шудаанд;

3) адвокатҳо, нотариусҳо, дигар ҳуқуқшиносу муҳосибони мустақилвақте ки онҳо барои муштарии худ нисбат ба намудҳои зерини фаъолият амалиёт омода мекунанд ё анҷом медиҳанд:

а) хариду фурўши амволи ғайриманқул;

б) идора кардани маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё дигар амволи муштарӣ;

в) идора кардани суратҳисобҳои бонкӣ, амонатӣ ё суратҳисоби коғазҳои қиматнок;

г) ташкил намудани ҳақгузориҳо барои таъсис, фаъолият ё идора кардани ширкатҳо;

д) таъсис, фаъолият ё идора кардани шахсони ҳуқуқӣ ё ташкилотҳо, инчунин хариду фурўши корхонаҳо.

4) ташкилотҳое, ки хизмати трастӣ ё барои ташкили ширкат хизмат мерасонанд, - вақте ки онҳо барои муштарӣ нисбат ба фаъолияти зерини номбаршуда амалиёти молиявӣ омода мекунанд ё онро анҷом медиҳанд:

а) ба сифати агент оид ба таъсиси шахси ҳуқуқӣ амал мекунанд;

б) ба сифати директор ё котиби ширкат, шарики рафоқат амал мекунанд (ё барои дигар шахсон ташкил мекунанд, ки онҳо ба ин сифатҳо амал намоянд) ё ҳамин гуна мавқеъро нисбат ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ишғол мекунанд;

в) офиси бақайдгирифта; нишонии ҳуқуқӣ ё бино, нишонии муросилотӣ ё маъмурӣ барои ширкат, рафоқат ё ҳар гуна шахси дигари ҳуқуқӣ ё ташкилот пешниҳод мекунанд;

г) ба сифати мудири фонди ба боварӣ асосёфта амал мекунанд (ё имконият муҳайё мекунанд, ки дигар шахсон ба ин сифат амал кунанд);

д) ба сифати саҳмиядори номиналӣ барои шахси дигар амал мекунанд (ё имконият муҳайё мекунанд, ки дигар шахсон ба ин сифат амал намоянд).

6. Кушодани ташкилотҳои қарзӣ ё ба кор бурдани суратҳисобҳои (пасандозҳои) вуҷуддошта ба номи моликони номаълум ва ба номҳои сохта, яъне бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба номи вай суратҳисоб (пасандоз) кушода мешавад ва ин барои муайянкунии ў зарур мебошад, манъ аст.

7. Ташкилотҳои қарзӣ ҳуқуқ доранд бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ (пасандозӣ)- ро бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои нодуруст аз тарафи вай, инчунин дар ҳолати доштани маълумот дар бораи иштироки ин шахс дар фаъолияти террористӣ мутобиқи ҳамин Қонун рад намоянд. Ба ташкилотҳои қарзӣ бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ (пасандоз) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар сурати дар маълумоти тибқи Қонуни мазкур бадастомада, мавҷуд будани шубҳаи асоснок оид ба даст доштани ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё ягон молик-бенефитсиари эҳтимолӣ ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом манъ аст (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

8. Ташкилотҳое, ки амалиётро бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк мегузаронанд, роҳбар ва кормандони (доимӣ ва муваққатии) онҳо дар вақти пешниҳоди иттилоот ба мақоми ваколатдор ҳуқуқ надоранд, ки ба муштариёни ин ташкилотҳо ё ба шахсони дигар дар ин хусус маълумот диҳанд.

9. Пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳо ба мақоми ваколатдор аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, роҳбарият ва кормандони онҳо дар бораи амалиёт, мақсадҳо ва тартибе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, ифшои сирри хизматӣ, бонкӣ, андоз, тиҷоратӣ ва сирри алоқа (дар робита ба иттилоот оид ба интиқоли маблағҳои пулӣ бо почта) ба ҳисоб намеравад ва боиси ҷавобгарии гражданӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ намегардад.

10. Назорати иҷрои Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои сабт, нигоҳдорӣ ва пешниҳоди иттилоот дар бораи амалиёте, ки бояд зери назорати ҳатмӣ бошад, инчунин ташкили назорати дохилӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори назоратӣ мутобиқи салоҳияти онҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати набудани мақомоти назоратӣ дар соҳаи фаъолияти ташкилотҳои алоҳидае, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар амвол амалиёт мегузаронанд, аз ҷониби мақомоти ваколатдор анҷом дода мешавад.

Моддаи 8. Мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404)

1. Танзим ва назорати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом нисбат ба инҳо амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404):

1) ташкилотҳои қарзӣ - аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон;

2) иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои суғурта, ташкилотҳое, ки фулузоту сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ ва шикастапораҳои ин гуна маснуотро хариду фурўш мекунанд, ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони мустақил, муҳосибони хусусӣ, ломбардҳо, ташкилотҳое, ки биноҳо барои бозиҳо, тотализаторҳо ва муассисаҳои букмекерӣ доранд, инчунин ташкилотҳое, ки бозии лотерея ва дигар бозиҳои бурднок мегузаронанд ва дар онҳо ташкилкунанда ҷоизаро дар байни иштирокчиён, аз ҷумла дар шакли электронӣ ба бозӣ мегузорад - аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) нотариусҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ба онҳо пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулк аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид мешаванд ва бояд дар феҳристи кумаки башардўстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда шаванд - аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

4) корхонаи бо хизматгузории почта алоқаманд (дар робита ба интиқоли пул) - аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 967);

5) биржаи мол ва дигар биржаҳое, ки бо мол амалиёти молиявӣ мегузаронанд - аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) хадамоти гумрук, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамлу нақли маблағҳои пулии нақд ва ҳуҷҷатҳои муомилотӣ назорат мекунандаз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) назорати иҷрои ўҳдадориҳои андоз - аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 967);

8) дигар субъектҳои мониторинги молиявӣ, ки Қонуни мазкур барои онҳо мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд, муайян накардааст - аз тарафи мақоми ваколатдор.

2. Тартиби пешниҳоди маълумот ва ҳисоботҳо ба мақоми ваколатдор аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, аз тарафи мақоми ваколатдор муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

3. Мақомоти салоҳиятдори танзиму назорат бояд дастурамал таҳия намоянд ва мақоми ваколатдор алоқаи мутақобиларо барои расонидани ёрӣ ба ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, дар татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, аз ҷумла дар ошкор ва ирсол намудани хабарнома дар бораи аҳдҳои шубҳанок таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

Моддаи 9. Боздоштани амалиёт

1. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, амалиёти ҳатман назоратшавандаро мутобиқи банди 3 қисми 5 ва қисми 7 моддаи 6 Қонуни мазкур, ба истиснои амалиёти ба суратҳисоб ворид кардани маблағҳои пулии ба суратҳисоби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ воридшуда дар се рўзи корӣ аз санае, ки фармоиши муштариён оид ба анҷом додани амалиёт бояд иҷро шавад, чунин амалиётро (дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор) бозмедоранд ва на дертар аз 24 соат баъд аз боздории амалиёт ба мақоми ваколатдор иттилоот пешниҳод менамоянд.

2. Ҳангоми дар давоми мўҳлати нишондодаи қисми 1 моддаи мазкур нагирифтани қарори мақоми ваколатдор оид ба боздоштани амалиёти дахлдор ба мўҳлати иловагӣ ташкилотҳо амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулкро бо фармоиши муштарӣ, агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дигаре оид ба маҳдудкунии амалӣ намудани он қабул нашуда бошад, ба анҷом мерасонанд.

3. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд фармоиши муштариро оид ба анҷом додани амалиёт, ба истиснои амалиёти ба суратҳисоб гузаронидани маблағҳои пулии ба суратҳисоби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ воридшуда, ки аз рўи он ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба қайд гирифтани иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод нашудаанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод шудаанд, рад намоянд.

4. Боздоштани амалиёт мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ва рад кардани иҷрои амалиёт мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур ҷиҳати ба миён омадани ҷавобгарии ҳуқуқии граждании ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар амвол амалиёт анҷом медиҳанд, барои риоя накардани шартҳои шартномаҳои дахлдор асос ба ҳисоб намеравад.

5. Мақоми ваколатдор дар бораи ба мўҳлати ҳафт рўзи корӣ боздоштани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк, ки дар қисми 1 моддаи мазкур омадааст, қарор қабул менамояд, агар маълумоте, ки вай дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда гирифтааст, мутобиқи банди 3 қисми 5 ва қисми 7 моддаи 6 Қонуни мазкур аз рўи натиҷаи санҷиши пешакӣ асоснок ҳисобида шавад.

6. Дар рўзи содир гардидани қарор дар бораи боздошти амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк мақоми ваколатдор рўзи қатъ гардидани амали қарори мазкурро ба ташкилот хабар медиҳад.

7. Мақоми ваколатдор қарорро дар бораи боздошти амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк фавран бекор мекунад, агар маълумоти гирифтааш дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда мутобиқи банди 3 қисми 5 ва қисми 7 моддаи 6 Қонуни мазкур аз рўи натиҷаи санҷиши пешакӣ асоснок ҳисобида нашавад.

8. Бо қарори (таъиноти) суд (судя) аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, амалиёт тавассути суратҳисобҳои бонкӣ (пасандоз), ҳамчунин дигар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки ташкилот ва шахсоне, ки нисбати онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба алоқамандии онҳо ба фаъолияти ифротгароӣ ё терроризм, ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита ё бавосита дар моликият ва ё таҳти назорати чунин ташкилотҳо ё шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз ном ва ё бо супориши чунин ташкилотҳо ё шахсон фаъолият менамоянд, то бекор кардани чунин қарор (таъинот) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

Моддаи 10. Ўҳдадориҳои ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк ҳангоми хизматрасонии шахсони бонуфузи сиёсӣ амалиёт мегузаронанд

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404)

Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк илова ба чораҳои пешбиникардаи моддаи 5 Қонуни мазкур оид ба санҷиши зарурии муштариён амалиёт мегузаронанд, ўҳдадоранд:

1) барои ошкор намудани шахсони бонуфузи сиёсӣ аз байни шахсони воқеие, ки ба онҳо хизмат расонида мешавад ё барои хизматрасонӣ қабул карда мешаванд, дар шароити мавҷуда чораҳои асоснок ва дастрас андешанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

2) Ба шахсони бонуфузи сиёсӣ танҳо дар асоси иҷозати хаттии роҳбари ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад ё бо иҷозати хаттии муовини ў, инчунин роҳбари шўъбаи алоҳидаи ташкилот, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад ва ба вай аз тарафи роҳбари ин ташкилот ё муовини вай ваколатҳои дахлдор дода шудааст, хизмат расонанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

3) дар ҳолати ошкор намудани манбаи пайдоиши маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки шахсони бонуфузи сиёсӣ чораҳои асоснок ва дастрас андешанд;

4) маълумоти дар ихтиёрдоштаи ташкилотеро, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад, оид ба хизматрасонии шахсони бонуфузи сиёсӣ мунтазам нав намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

5) ба амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки дар ташкилоти бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк сарукордошта ба шахсони бонуфузи сиёсӣ, хешовандони наздики онҳо - зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони (зан (шавҳар), қудоҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, писархондкунанда, фарзандхондагон) ё аз номи ин шахсон анҷом дода мешавад, таваҷҷўҳи хосса зоҳир намоянд, агар дар ташкилоти қарзӣ ба онҳо хизмат расонида шавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

Моддаи 11. Чораҳо оид ба муносибатҳои фаромарзии муросилотӣ

Ташкилотҳои қарзӣ барои пешгирӣ намудани истифодаи муносибатҳои фаромарзии муросилотии бонкӣ бо мақсади қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон чораҳо меандешанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404)

Моддаи 12. Мақоми ваколатдор

1. Мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

2. Назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори назоратиро, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур муайян карда мешавад, мақоми ваколатдор амалӣ менамояд.

3. Кормандони мақоми ваколатдор ҳангоми иҷрои Қонуни мазкур ҳифзу нигоҳдории тамоми маълумоти ба фаъолияти мақоми ваколатдор вобастаро, ки сирри хизматӣ, бонкӣ, андоз, тиҷоратӣ ё сирри алоқаро дар бар мегирад, таъмин менамоянд ва барои ифшои ин маълумот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

4. Товони зараре, ки аз амали ғайриқонунии мақоми ваколатдор ё кормандони он вобаста ба иҷрои вазифаҳои мақоми ваколатдор ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мерасад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

5. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ, ки аз алоқамандии амалиёт, аҳд ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом шаҳодат медиҳад, мақоми ваколатдор маълумот ва маводи дахлдорро мутобиқи салоҳияти худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равон менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

6. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, мутобиқи дархости мақоми ваколатдор маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои фаъолияти он заруриро пешниҳод менамоянд.

7. Пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳо мутобиқи дархости мақоми ваколатдор аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, ифшои сирри хизматӣ, бонкӣ, андоз, тиҷоратӣ ва алоқа (маълумот оид ба интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути почта) ҳисобида намешавад.

8. Мақоми ваколатдор дар якҷоягӣ бо мақомоти назоратӣ ва ё мустақилона бо мақсади ошкор кардани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санҷиши ташкилотҳоеро, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

Моддаи 13. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои мақоми ваколатдор

1. Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад:

1) аз ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд ва инчунин аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки бояд мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур ҷамъ карда ва нигоҳ дошта шаванд, дархост намояд;

2) дар бораи боздоштани амалиёт бо пул ва (ё) дигар молу мулк дар ҳолати ошкор гардидани аломатҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар мўҳлати муқарраркардаи моддаи 9 қарор барорад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

3) дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

4) тибқи дархост ё бевосита бо мақомоти давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бевосита ё аз рўи дархост ҳамкорӣ кунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

5) ба кор, аз ҷумла дар асоси шартнома ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин мутахассисони алоҳидаро барои гузарондани ташхис, таҳияи барномаҳои таълимӣ, маводи методӣ, таъмини барномавию иттилоотӣ, ташкили низоми иттилоотӣ дар соҳаи мониторинги молиявӣ бо риояи талаботи ҳифзи сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда ҷалб намояд;

6) ба мақомоти дахлдори давлатӣ дар бораи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом огоҳинома ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

7) бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ба таври мустақим ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ дар хусуси он, ки амалиёт ё аҳдҳои шубҳанок ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вобаста мебошанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи ваколатҳои онҳо иттилоот пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

2. Мақоми ваколатдор ўҳдадор аст:

1) доир ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳо андешад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

2) низоми дахлдори нигоҳдорӣ, ҳифзи маълумоти дар рафти фаъолият дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, таъмин намояд;

3) риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни мониторинги молиявӣ таъмин намояд;

4) пешбурди маълумоти омориро дар асоси иттилооте, ки аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои марбут ба самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гирифта шудааст, ба роҳ монад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

Моддаи 14. Ҳамкории мақоми ваколатдор бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи салоҳияти худ ба ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ба риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом назорат мекунанд, ўҳдадоранд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404):

1) маълумоти заруриро ба мақоми ваколатдор барои мониторинги молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муайянкардаи мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

2) низоми дахлдори нигаҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти дар рафти ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдор дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, таъмин намоянд;

3) риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои назоратӣ таъмин намоянд.

2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд:

1) мақоми ваколатдорро ҳангоми мустақилона ошкор кардани маълумот оид ба амалиёти шубҳаовари марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабардор намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404);

2) ҳангоми мустақилона ошкор кардан ба мақоми ваколатдор дар бораи вайрон карда шудани меъёрҳои Қонуни мазкур аз тарафи ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, хабар диҳанд;

3) истифодаи низоми иттилоотӣ ва махзани маълумоти худро ба мақоми ваколатдор иҷозат диҳанд.

3. Пешниҳоди маълумот дар бораи амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдор ифшои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ё дигар сирри аз тарафи қонун ҳифзшаванда намебошад.

Моддаи 14(1). Таъсиси комиссияи байниидоравии доимоамалкунанда

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 968)

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравии доимоамалкунанда таъсис дода мешавад, ки ҳайат ва Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 968, аз 24.02.2017 № 1404).

БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404)

Моддаи 15. Мубодилаи иттилоот ва ёрии ҳуқуқӣ

Мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ дархостҳо оид ба пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ ирсол менамоянд ва ба дархостҳои мақомоти салоҳиятдори мазкур бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи мутақобила ҷавоб пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

Моддаи 16. Ҳамкории байналмилалии мақомоти ваколатдор

1. Мақоми ваколатдор бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҷамъоварӣ, таҳлил ва агар дар ваколати онҳо бошад, таҳқиқи маълумоти дахлдори мавҷуда доир ба ҳар як ҳолате, ки метавонад ба қонунигардонии (расмикунонии) пул ва маблағгузории терроризм мутобиқи салоҳияти онҳо далолат кунад, ҳамкорӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

2. Барои мақсадҳои қисми 1 моддаи мазкур мақоми ваколатдор бо ташаббуси худ ё бо дархост ҳар гуна маълумоти дастрасро, ки метавонад ба коркард ё таҳлили маълумот ё таҳқиқ шудани он аз тарафи мақоми ваколатдор вобаста ба амалиёти молиявии марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда", маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир ба шахсони воқеию ҳуқуқии ба он ҷалбшуда мансуб бошад, мубодила намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1404).

3. Мақоми ваколатдор мубодилаи маълумотро бо мақоми ваколатдори хориҷӣ новобаста ба он ки ин мақомот дорои салоҳияти маъмурӣ, ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ё дигар мебошад, ба роҳ мемонад.

4. Дар ҳар як дархост шарҳи мухтасари ҳолатҳои дахлдоре, ки ба мақоми ваколатдори талабкунанда маълуманд, зикр мегардад. Мақоми ваколатдор дар дархост нишон медиҳад, ки маълумоти талабшаванда ба кадом мақсадҳо истифода мешавад.

5. Дар ҳолати фиристодани дархост мақоми ваколатдори талабкунанда тамоми маълумоти дахлдор, аз ҷумла маълумоти дастраси молиявӣ ва маълумоти талабшавандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар дархост зикр шудааст, бидуни зарурати дархости расмӣ пешниҳод мекунад.

6. Мақоми ваколатдор метавонад ифшои маълумотеро, ки тафтишоти ҷиноятии аз тарафи мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашавандаро халалдор мекунанд ё дар ҳолатҳои истисно манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор менамоянд ё ба ягон тарзи дигар ба принсипҳои асосии ҳуқуқӣ мувофиқ намебошад, рад намояд. Ин гуна радкунӣ ба таври дахлдор аз тарафи мақоми ваколатдор барои талабкунандаи маълумот асоснок карда мешавад.

7. Мақоми ваколатдор маълумот ё ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи мақомоти салоҳиятдори хориҷиро метавонад танҳо ба мақсадҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда истифода барад. Маълумоти пешниҳодшударо мақоми ваколатдор бидуни розигии пешакии мақоми салоҳиятдори хориҷӣ набояд ба шахсони сеюм ифшо намояд, инчунин дар рафти тафтишоти пешакӣ, мурофиаҳои судии ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ истифода барад.

8. Мақоми ваколатдор дар ҳолати пешниҳоди маълумот ё ҳуҷҷатҳо ба мақомоти салоҳиятдори хориҷӣ метавонад барои истифодабарии маълумот ба мақсадҳои дар қисми 7 моддаи мазкур дарҷнагардида маҳдудият ё шарт гузорад.

9. Мақоми ваколатдор ҳамаи чораҳои зарурӣ, аз ҷумла чораҳои амниятиро андешида, кафолат медиҳад, ки маълумоти пешниҳодшаванда ба дигар мақомот, хадамот ё агентиҳо то гирифтани розигии пешакии мақоми салоҳиятдори хориҷӣ дастрас нахоҳанд шуд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 17. Баррасии баҳсҳо

Баҳсҳо вобаста ба татбиқи Қонуни мазкур бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

Моддаи 18.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Қисми 2 моддаи 7, қисми 3 моддаи 8 ва моддаи 11 Қонуни мазкур баъд аз 6 моҳи интишори расмии он мавриди амал қарор дода шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

 25 марти соли 2011 № 684

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 23 феврали соли 2011, № 317

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 11 марти соли 2011, № 124


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.