Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод. 193; с.2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с.2011, №6, мод. 459; с.2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №1387; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №1388; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №1389)

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 516, аз 11.03.2010 № 599, аз 28.06.2011 № 748, аз 22.07.2013 № 989, аз 27.11.2014 № 1136, аз 15.03.2016 № 1284, аз 24.02.2017 № 1387, № 1388, № 1389, аз 30.05.2017 № 1441)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.

2. Агентӣ дар фаъолияти худ танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле як маротиба оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ҳисобот пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

Моддаи 2. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Агентӣ

1. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Агентиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

2. Фаъолияти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 3. Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ

1. Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ инҳоянд:

- иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия;

- дар доираи ваколати худ таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъият ва давлат;

- амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ,ташкилотҳои қарзӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136, аз 24.02.2017 № 1387);

- муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1284);

- амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

- гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷўӣ бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъ ва фошнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҷустуҷўи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир кардаанд;

- гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд;

- гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

- дар доираи ваколати худ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);

- амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Агентӣ мансубанд;

- амалӣ намудани дигар вазифаҳое, ки санадҳои қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти Агентӣ

1. Фаъолияти Агентӣ мутобиқи принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- қонуният;

- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- баробарии ҳама дар назди қонун;

- яккасардорӣ ва идоракунии муттамарказонида;

- истифодаи усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият;

- алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар фаъолият;

- ғайриҳизбият.

Моддаи 5. Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар фаъолияти Агентӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387)

1. Агентӣ дар доираи ваколати худ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, қатъи назар аз шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ ҳимоя мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

2. Корманди Агенти дар ҳама ҳолатҳо вазифадор аст ба шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд асосу сабаби махдуд кардани ҳуқуқу озодиҳояшро фаҳмонад.

3. Корманди Агентӣ ҳуқуқи ҳимоя ва дигар ҳуқуқҳои шахсони дастгиршуда ва ҳабсгардидаро таъмин мекунад, дар ҳолатҳои зарурӣ муоинаи тиббии онҳоро мегузаронад, инчунин бетаъхир дар бораи дастгир намудани онҳо ба хешовандон, маъмурияти ҷои кор ё таҳсил ва дар муддати 24 соат ба прокурор хабар медиҳад, дар мавриди зарурат ба дастгиршудагон барои расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ, инчунин барои рафъи хатар, ки ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки онҳо ҳангоми дастгиркунӣ ё ҳабс таҳдид менамояд, тадбирҳо меандешад.

4. Агентӣ ҳуқуқи ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва паҳн кардани маълумотро дар бораи ҳаёти шахс бе розигии худи ў, ба истиснои мавридҳое, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, надорад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

5. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба истиснои мавридҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, манъ аст. Агентӣ вазифадор аст шахсро бо ҳуҷҷатҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқу озодиҳои вай шинос намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

6. Агар шахс ҳисоб кунад, ки ҳуқуқу озодиҳои ў аз тарафи мақомоти Агентӣ ё шахсони мансабдори он поймол карда шудаанд, метавонад нисбати амали ин мақомот ва шахсони мансабдор ба мақомоти болоии Агентӣ, прокуратура ё суд шикоят кунад.

Моддаи 6. Дахолат накардан ба фаъолияти Агентӣ

1. Дахолат кардани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма, намояндагон ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти Агентӣ дар мавриди амалӣ намудани иҷрои ваколатҳояш манъ аст (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

2. Ба ҳар восита таъсир расонидан ба кормандони Агентӣ бо мақсади монеъ шудан дар амалӣ намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо мақсади қабул намудани қарори ғайриқонунӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.

3. Кормандони Агентӣ вазифадор нестанд, ки оид ба моҳияти парвандаҳо ва маводҳои дар истеҳсолоташон буда ягон хел тавзеҳот диҳанд, онҳоро барои шинос шудан пешниҳод кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Моддаи 7. Ҳатмӣ будани иҷрои талаби кормандони мақомоти Агентӣ

1. Талаби кормандони мақомоти Агентӣ, ки аз ваколатҳои дар ҳамин Қонун зикршуда бармеоянд, бояд ҳатман дар мўҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ карда шаванд.

2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд вобаста ба дархости мақомоти Агентӣ иттилооти заруриро пешниҳод намоянд ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи мақомоти Агентӣ гузошта, мусоидат намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

3. Ахбори оморӣ ва дигар маълумот, ҳуҷҷатҳо ё нусхаи онҳо, ки барои амалӣ намудани иҷрои ваколатҳои Агентӣ ё тафтиши ҷиноятҳо заруранд, бо талаби кормандони мақомоти Агентӣ ройгон дода мешаванд.

4. Шахсони мансабдор, шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд вазифадоранд, ки бо даъвати кормандони мақомоти Агентӣ ҳозир шаванд ва аз рўи моҳияти масъалаҳое, ки дар рафти санҷиш муайян карда мешаванд, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнот диҳанд.

5. Шахсони мансабдор, шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои бе сабабҳои узрнок рад намудан ва саркашӣ аз пешниҳоди саривақтии иттилоот ё ҳуҷҷатҳои зарурии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дидаю дониста пешниҳод намудани иттилооти бардурўғ ба дархости қонунии мақомоти Агентӣ, ҳамчунин саркашӣ аз ҳозиршавӣ бо даъвати асосноки корманди мақомоти Агентӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 8. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия

1. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд аз ҷониби Агентӣ мувофиқи тартиби муайянкардаи Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

Моддаи 9. Иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ

1. Агентӣ дар рафти амалӣ намудани ваколатҳои худ ҳангоми зарурати такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонад ба субъекти ваколатдоре, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ё ба мақоме, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, дар бораи қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит кардани онҳо таклифҳо пешниҳод намояд.

Моддаи 10. Баррасии муроҷиатҳо

1. Мақомоти Агентӣ арзу шикоятҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки санҷишу тафтиши онҳо ба ваколати Агентӣ вогузор шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ошкоргардида чораҳо меандешад.

БОБИ 2. НИЗОМ, СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ

Моддаи 11. Низом ва сохтори мақомоти Агентӣ

1. Мақомоти Агентиро Директори Агентӣ роҳбарӣ мекунад.

2. Мақомоти Агентӣ дорои низоми ягонаи марказонидашуда буда, аз Дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллӣ- раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шўъбаҳои минтақавӣ иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).

3. Сохтори Дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии Агентӣ аз воҳидҳои назорати давлатии молиявӣ, оперативӣ-ҷустуҷўӣ, тафтишотӣ ва дигар воҳидҳо иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).

4. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти Агентӣ ва сохторҳои тобеи он, инчунин таҳкими ташкилию штатии мақомоти Агентӣ, тасдиқи Низомномаи Агентӣ, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Сохтори воҳидҳои Дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии Агентӣ аз тарафи Директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).

5. Агентӣ, мақомоти маҳаллии он шахсони ҳуқуқӣ буда, дорои ҳуқуқи идоракунии оперативии моликияти ба онҳо вобастакардашуда ва объектҳои таъиноти иҷтимоии маишӣ ва хоҷагидорӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599, аз 24.02.2017 № 1388).

Моддаи 12. Директори Агентӣ

1. Директори Агентӣ:

- аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад;

- бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад;

- роҳбарии мақомотро анҷом медиҳад, ваколат ва масъулияти муовинон, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шўъбаҳо, бахшҳо ва роҳбарони дигар воҳидҳои Агентиро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387, аз 30.05.2017 № 1441).

Моддаи 13. Ваколати Директори Агентӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387)

1. Директори Агентӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ:

- дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба воҳидҳои сохтории Агентӣ роҳбарӣ мекунад, супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- низомномаҳои воҳидҳои сохториро тасдиқ менамояд;

- оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти Агентӣ ва сохторҳои тобеи он, инчунин оид ба таҳкими ташкилию воҳидӣ, кадрӣ ва моддию техникии мақомоти он, ворид намудани тағйирот ба Низомномаи Агентӣ, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои Агентиро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида тасдиқ менамояд;

- сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шўъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони Раёсатҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва шўъбаҳои минтақавиро бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599);

- шахсони мансабдор ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва шўъбаҳои минтақавӣ, инчунин кормандони ҳайати хизматрасони Дастгоҳи марказиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599);

- нақшаи кории мақомоти назорати давлатии молиявии Агентиро барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ҳар шаш моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Агентӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;

- оид ба натиҷаҳои фаъолияти таҳлилию назоратӣ, тафтиши молиявӣ ва санҷишҳо оид ба иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, самаранокии истифодабарии фондҳо, молу мулки давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот, хулосаҳо ва таклифҳо, инчунин оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколати Агентӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);

- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии давлат, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштирок менамояд;

- дар доираи ваколати худ кормандони Агентиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳо ва унвонҳои махсуси дахлдор сарфароз мегардонад;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ додани рутбаҳо ва унвонҳои махсуси олӣ пешниҳод манзур менамояд;

- масъалаҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомии кормандонро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал менамояд;

- оид ба сарфарозгардонии кормандони Агентӣ бо мукофотҳои давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- дар доираи ваколати худ фармонҳои дорои хусусияти меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);

- ба шахсони мансабдор дастурҳои хаттӣ ва пешниҳод оид ба бартараф кардани камбудиҳои молиявӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ирсол менамояд, ки баррасии онҳо аз ҷониби шахсони мансабдор ва мақомоту ташкилоти дахлдор ҳатмӣ мебошад;

- қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи воҳидҳои сохтории Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо дар қонунгузорӣ муқаррар нашуда бошад;

- Агентиро дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар намояндагӣ менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида ҳамкориро бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба роҳ мемонад;

- иҷрои ўҳдадориҳоро оид ба созишномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии мубориза бо коррупсия, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, таъмин ва назорат менамояд;

- дигар вазифаҳои пешбиникардаи қонунгузориро иҷро менамояд.

Моддаи 14. Муовини якум ва муовинони Директори Агентӣ

1. Муовини якум ва муовинони Директори Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд ва бевосита ба Директори Агентӣ тобеъ мебошанд.

2. Муовинони Директори Агентӣ фаъолияти хизматиашонро дар доираи ўҳдадориҳои вазифавии худ, ки аз тарафи Директори Агентӣ муқаррар мегардад, амалӣ намуда, ба соҳаҳои алоҳидаи ба онҳо вогузоршудаи фаъолияти Агентӣ роҳбарӣ мекунанд. Бо ин мақсад ва бо супориши Директори Агентӣ онҳо вазифаҳои алоҳидаи ўро иҷро менамоянд.

Моддаи 15. Дастгоҳи марказӣ

1. Дастгоҳи марказӣ дар доираи ваколати пешбининамудаи ҳамин Қонун ва Низомномаи Агентӣ вазифаҳои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва дигар вазифаҳоро оид ба огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

2. Дар Дастгоҳи марказӣ сарраёсатҳо, раёсатҳо, шўъбаҳо, қисмҳо ва бахшҳо мавҷуданд. Дар сарраёсатҳо, раёсатҳо, шўъбаҳо, қисмҳо ва бахшҳо ваколатдорони калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони калони оперативӣ, ваколатдорони фаврӣ, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавҷуданд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1388).

Моддаи 16. Ҳайати мушовараи Агентӣ

1. Барои ҳалли масъалаҳои муҳимтарини фаъолияти Агентӣ дар назди Директори Агентӣ ҳайати мушовара аз ҷумлаи муовини якум ва муовинони Директор аз рўи вазифа ва сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳо дар доираи шумораи пешбининамудаи Низомномаи Агентӣ бо пешниҳоди Директори Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Моддаи 17. Мақомоти маҳаллии Агентӣ

(Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599)

1. Мақомоти маҳаллии Агентӣ дар ҳудуди маъмурии вобасташуда вазифаҳои Агентиро дар доираи ваколатҳои худ иҷро менамоянд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).

2. Ба мақомоти маҳаллии Агентӣ сардорони дахлдор роҳбарӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).

3. Дар мақомоти маҳаллии Агентӣ шўъбаҳо ва ё бахшҳо ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).

4. Дар сохторҳои мақомоти маҳаллии Агентӣ ваколатдорони калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони калони оперативӣ, ваколатдорони оперативӣ, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавҷуданд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599, аз 24.02.2017 № 1388).

5. Сардорони мақомоти маҳаллии Агентӣ бо тартиби муқарраргардида оид ба тағйир додани шумораи ҳайати шахсии кормандони воҳидҳои тобеи худ ба Директори Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).

6. Сардорони мақомоти маҳаллии Агентӣ дар доираи ваколати худ кормандони ҳайати хизматрасонро ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).

7. Сардорони мақомоти маҳаллии Агентӣ дар доираи ваколати худ фармонҳо ва фармоишҳо қабул менамоянд, ки иҷрои онҳо барои кормандони тобеъ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387)

Моддаи 18. Ўҳдадориҳои мақоми Агентӣ

1. Мақоми Агентӣ вобаста ба вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ўхдадор аст:

- самтҳои афзалиятноки мубориза бо коррупсияро муайян намояд;

- дар доираи ваколат барномаҳо ва нақшаҳои чорабиниҳои мубориза бар зидди коррупсияро таҳия ва амалӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);

- дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд;

- мубориза бо коррупсияро дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои қарзӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ амалӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136, аз 24.02.2017 № 1387);

- ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро огоҳ, пешгирӣ, ошкор ва рафъ намояд, аз рўи ин амалҳо санҷиш гузаронад;

- бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мубориза барад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

- тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ барад;

- бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ ошкорсозӣ, рафъ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузаронад;

- оид ба барқарор намудани зарари молумулкӣ ва молиявӣ чораҳо андешад;

- сирри давлатӣ ё дигар сирреро, ки бо қонун муҳофизат карда мешавад ва дигар маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба даст омадааст, ҳифз намояд;

- арзу шикоят, иттилооту маълумот, маводҳо оид ба санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва тафтишоти хизматиро нисбат ба хизматчиёни давлатӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ баррасӣ намояд;

- ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқҳои халалдоршудаи шаҳрвандонро барқарор намояд, зарари расонидаро ҷуброн намояд ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгор чораҳои зарурӣ андешад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

- дар мавриди зарурат амнияти шахсии кормандони мақомоти Агентӣ ва аҳли оилаи онҳоро таъмин намояд;

- дигар ўҳдадориҳои пешбиникардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.

Моддаи 19. Ҳуқуқҳои мақоми Агентӣ

1. Мақоми Агентӣ, дар доираи ваколатҳои худ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад: 

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда дастури хаттӣ диҳад ва пешниҳод ирсол намояд. Дар дастури хаттӣ ва пешниҳод, ки санадҳои эътиноии Агентӣ буда, баррасии онҳо ҳатмӣ мебошад, тарзу усулҳои бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия ва бархўрди манфиатҳо мусоидаткунанда нишон дода мешаванд. Дастури хаттӣ дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз баррасӣ ва пешниҳод на дертар аз 1 моҳ бо иштироки ҳатмии кормандони воҳидҳои Агентӣ муҳокима гардида, аз натиҷааш ба Агентӣ хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1388);

- бо мақсади муқаррар намудани мувофиқати санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо ба талаботи қонунгузорӣ ба суд барои бекор кардан ё ба прокурори дахлдор оид ба овардани эътироз аз болои чунин санадхо пешниҳод оварад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);

- дар ҷараёни тафтиш ва санҷишҳои молиявӣ, амалиётҳои таҳқиқотӣ ва тафтишотӣ ба хазинаҳо, мошинҳои назоратӣ - хазинавии дорои хотираи фискалӣ, бино ва ҷои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, технологияҳои иттилоотӣ, маблағҳои пулӣ ва арзишҳои моддӣ мўҳр занад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136, аз 24.02.2017 № 1387);

- ҳангоми саркашӣ аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё таҳрифшуда, саркашӣ аз иҷрои талаби қонунии кормандони мақомоти Агентӣ, масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор ва соҳибмулкони дахлдори иморату иншоотҳо, анборҳо, нуқтаҳои савдо ва дигар иншоотҳоро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ баррасӣ намояд;

- ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод оид ба содиршавии ҷинояти коррупсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони тамоми намуди нақлиётро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

- барои баррасӣ ва такмили масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шўроҳо, комиссияҳо ва гурўҳҳои дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ таъсис диҳад;

- экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати дар онҳо ошкор намудани омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия гузаронад ва бо ин мақсад дорои воҳиди илмӣ - ташхисӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

- оид  ба  ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ,  иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо  андоз  алоқаманд,  бинобар тафтиши  парвандаи  ҷиноятӣ санҷиши фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои кофӣ тибқи дархости хаттии  Агентӣ  якҷоя бо  мутахассисони  мақомоти  андоз  санҷишҳои андози шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии субъектҳои соҳибкориро сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ  ва
намуди фаъолияти онҳо гузаронад;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати санҷиш ва ё тафтишоти пешакӣ асл ва нусхаҳои қарорҳо, фармоишҳо, ҳуҷҷатҳои зарурии вобаста ба коррупсияро аз тамоми мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои Қарзӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори онҳо оид ба масъалаҳои ба ваколатҳои Агентӣ мансуббуда талаб карда гирад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);

- оид ба масъалаҳои ба ваколати мақомоти Агентӣ тааллуқдошта бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);

- дар ҳолати зарурӣ аз мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор гузаронидани муоина, ташхис, тафтиши молиявӣ, санҷиш, мониторинг, хронометраж, аудит ва баҳодиҳиро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);

- ҳангоми пешгирии бевоситаи ҷиноят, таъқиби шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда дар ҳолати доштани маълумоти кофӣ ба ҳудуд ва бинои вазорату идора, корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, қитъаи замини шахсони алоҳида (ба истиснои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда), инчунин минтақаҳои сарҳадӣ ва назорати гумрукӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ (ба иншооти реҷаашон махсус - ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсус) барои гузаронидани амалиёти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва тафтишотӣ ворид гардад;

- барои иҷрои баъзе амалиётҳои тафтишотӣ ҳуқуқи даромадани шаҳрвандонро ба иншоот ва бино муваққатан маҳдуд ё манъ кунад;

- дар ҳолатҳои таъхирнопазир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқа ва нақлиётие, ки ба ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ё шаҳрванд (ғайр аз воситаҳои нақлиётии намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ, консулгариҳо, дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ) тааллуқ доранд, бемамониат истифода намояд. Зиёни моддии расонидашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибони воситаҳои алоқа ва нақлиёт барқарор карда мешавад;

- аз воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ба таври ройгон истифода намояд;

- шаҳрвандонеро, ки ба мақомоти Агенти дар иҷрои вазифаҳояшон ёрӣ расонидаанд, ҳавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои кўмак кардан дар ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир кардани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро ба шаҳрвандон супорад;

- системаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи идоравиро дар шабакаи Интернет ташкил ва истифода намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);

- дигар ҳуқуқҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд.

Моддаи 20. Фаъолияти оперативӣ-ҷўстуҷўии мақомоти Агентӣ

1. Воҳидҳои оперативии мақомоти Агентӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ" анҷом медиҳанд.

Моддаи 21. Тафтиши ҷиноят аз ҷониби мақомоти Агентӣ

1. Мақомоти Агентӣ аз рўи парвандаҳои ҷиноятие, ки тафтишоташон ба ваколати онҳо вогузор шудааст, тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ тафтишоти пешакӣ мегузаронанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

Моддаи 22. Тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ

1. Бо мақсади нигоҳ доштани дастгиршудагон Агентӣ дорои тавқифгоҳҳои нигаҳдории муваққатӣ мебошад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо истифода менамояд.

БОБИ 4. ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӢ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136)

Моддаи 23. Ҳуқуқ, шартҳо ва доираи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳ оташфишон

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136)

1. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳуқуқ доранд силоҳи оташфишон ва воситаҳои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор бо худ нигоҳ доранд ва гирифта гарданд. Онҳо метавонанд аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон танҳо дар ҳолатҳо ва тибқи тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" пешбинӣ кардааст, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

БОБИ 5. ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТИ АГЕНТӢ

Моддаи 24. Вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти Агентӣ

1. Корманди мақомоти Агентӣ шахсе ба ҳисоб меравад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар хизмат ва ҳайати эҳтиётии кадрҳои мақомоти Агентӣ қарор дошта, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў рутба ва ё унвони махсус дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).

2. Кормандони мақомоти Агентӣ намояндаи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, таҳти ҳимояи давлат мебошанд. Иҷрои талаботи қонунии кормандони мақомоти Агентӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).

3. Ба кормандони мақомоти Агентӣ барои тасдиқи шахсият ва ваколаташон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад. Тасвири шаҳодатномаи хизматӣ аз тарафи Директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад.

4. Иҷро накардани талаботи қонунии мақомоти Агентӣ, таҳқир намудан, муқобилият нишон додан, таҳдиди зўрӣ ё сўиқасд ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молу мулки корманди мақомоти Агентӣ, аъзои оила ва хешовандони наздики ў бинобар сабаби иҷрои вазифаҳои хизматиаш боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Зарари моддие, ки ба корманди мақомоти Агентӣ, аъзои оилаи ў ва хешовандони наздики ў, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ пурра ҷуброн карда шуда, ин маблағ аз ҳисоби шахсони гунаҳкор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷет руёнда мешавад.

5. Корманди мақомоти Агентӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз будан ё набудан дар иҷрои вазифаҳои хизматиаш дар ҳолати муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин шахсони мансабдор бо ариза ё хабар оид ба ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ва ё дар ҳолати бевосита ошкор намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо вазифадор аст, ки ба роҳбари бевоситаи худ ё ба мақомоти наздиктарини Агентӣ хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).

6. Корманди мақомоти Агентӣ барои расонидани зарар ҳангоми истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон ҷавобгар нест, агар ин зарар дар асоси талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

7. Корманди мақомоти Агентӣ аз рўи қарор ва ҳаракатҳое, ки нисбати ў қабул мешаванд, ҳуқуқ дорад ба мақомоти болоӣ ё суд муроҷиат намояд.

Моддаи 25. Танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатии кормандони Агентӣ

1. Муносибатҳои меҳнатии кормандони мақомоти Агентӣ тибқи ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар он қисме, ки ба ҳамин Қонун мухолиф нест, ба танзим дароварда мешаванд.

2. Тартиб ва шартҳои ба ҳайати эҳтиётии раёсати кадрҳои мақомоти Агентӣ гирифтани кормандонро Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамоянд.

3. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони мақомоти Агентӣ дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Ҳангоми зарурати иҷрои корҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва чорабиниҳои тафтишотӣ мумкин аст кормандони мақомоти Агентӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматии зиёда аз вақти муқарраршуда, инчунин шабона, рўзҳои истироҳат ва ид ба кор ҷалб карда шаванд. Дар чунин мавридҳо ҳаққи хизмати корманд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Ҷалб кардани кормандони мақомоти Агентӣ ба иҷрои вазифаҳое, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузор накардааст, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

Моддаи 26. Хизмат дар мақомоти Агентӣ

1. Ба хизмат дар мақомоти Агентӣ шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш ба 20 расида бошад, дорои таҳсилоти миёна ва (ё) олии касбӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).

2. Ба хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агенти шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш то 35 бошад, дорои таҳсилоти олии касбӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад. Нисбати шахсоне, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хизмат дар Агентӣ гузаштаанд, маҳдудияти синнусолӣ паҳн намегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).

3. Ба хизмат ба мақомоти Агентӣ шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доштанд ё доранд, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда шудаанд, қабул карда намешаванд.

4. Ишғоли мансаби холӣ дар Агентӣ дар асоси озмун ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда бо пешниҳоди ҳайати мушовара тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

5. Нисбати шахсоне, ки аз рўи ихтисосашон таҷрибаи кофии амалӣ надоранд, то 6 моҳ мўҳлати коромўзӣ муқаррар карда мешавад.

6. Ҳангоми қабул шудан ба мақомоти Агентӣ кормандон бо тартиби муқарраршудаи савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ савганд ёд мекунанд.

7. Ба кормандони мақомоти Агентӣ иҷро кардани вазифаи дигари музднок, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва ташкилотҳои сиёсӣ ва ба соҳибкорӣ машғул шудан манъ аст, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ.

8. Ўҳдадорони ҳарбие, ки ба вазифаи ҳайати роҳбарикунандаи хурд, миёна, калон ва олии воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ таъин мешаванд, бо тартиби муайяншуда аз қайди ҳарбӣ баромада, дар қайди махсуси воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ гузошта мешаванд.

9. Кормандони дорои рутбаҳои ҳарбӣ, махсус, дараҷавӣ ва тахассусӣ, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ ё ҳокимияти давлатӣ дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба вазифа таъин шудаанд, рутбаҳои онҳо ба рутбаҳои махсуси кормандони Агентӣ баробар эътироф карда шуда, мўҳлати хизмати пештараашон ба мўҳлати хизмати онҳо дар Агентӣ дохил мешавад. Чунин ҳуқуқҳоро кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ низ ҳангоми ба дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатӣ ба кор гузаштан доранд.

10. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ либоси ягона доранд, ки он ройгон дода мешавад. Намунаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Дар сурати ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ таъмин накардани либоси хизматӣ, маблағи либос ҷуброн карда мешавад.

12. Синни ниҳоии хизмат дар мақомоти Агентӣ барои мардон 63 сол ва барои занон 58 сол мебошад. Нисбати кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ синни ниҳоии хизматро вобаста ба рутбаҳои махсус Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ муайян менамояд. 

13. Корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизмат дорад, барои аз рўи собиқаи хизмат ба нафақа баромадан ҳуқуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1389).

14. Дар сурати зарурат директори Агентӣ метавонад мўҳлати дар хизмат будани кормандро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2 сол дароз намояд. Дар ин ҳолат корманд метавонад фаъолияти хизматии худро дар асоси шартномаи меҳнатии мўҳлатнок давом диҳад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).

15. Дигар масъалаҳоро доир ба тартиби адои хизмат дар Агентӣ Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, ба танзим медарорад.

Моддаи 27. Рутбаҳо ва унвонҳои махсуси кормандони мақомоти Агентӣ

1. Ба кормандони мақомоти Агентӣ вобаста ба вазифаи ишғол кардаашон ва собиқаи кор рутбаҳо ва ё унвонҳои махсус дода мешаванд.

2. Рутбаҳои махсуси кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти Агентӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

3. Тартиби додани рутбаҳои махсуси ҳайати роҳбарикунандаи хурд, миёна ва калонро Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мекунад.

4. Номгўи мансабҳоеро, ки генералҳо ва полковникҳои хадамоти зиддикоррупсионӣ ва адлия дар Агентӣ ишғол менамоянд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

5. Рутбаҳо ва ё унвонҳои махсуси кормандони Агентӣ якумра мебошанд. Дар вақти ба истеъфо рафтани кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба рутбаҳои махсуси онҳо ибораи "дар истеъфо" илова карда мешавад.

Моддаи 28. Таъминоти моддию иҷтимоии кормандони мақомоти Агентӣ

1. Барои таъмини сатҳи дахлдори зиндагии корманди мақомоти Агентӣ ва оилаи ў ба корманд музди меҳнат ва имтиёзҳо муқаррар карда мешавад.

2. Музди меҳнати кормандони мақомоти Агентӣ аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои рутбаҳо ва унвонҳои махсус, инчунин собиқаи хизмат иборат аст.

3. Ҳамчунин ба кормандони Агентӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулиҳо барои шароити махсуси кор ва дигар иловапулиҳо пардохт карда мешавад.

4. Маоши вазифавии кормандони мақомоти Агентӣ, инчунин андоза ва тартиби додани иловапулиҳо барои рутбаҳо ва унвонҳои махсус, собиқаи хизматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

5. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бар ивази озуқаворӣ ҷубронпулӣ пардохта мешавад, ки ҳаҷми онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

6. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳуқуқ доранд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми навъҳои нақлиёти хатти ҳаракати байниноҳиявӣ, байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба ғайр аз таксӣ), дар деҳаҳо аз тамоми нақлиёти ҳамсафар, ройгон истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1389, аз 30.05.2017 № 1441).

7. Ҳангоми ба сафари хизматӣ баромадани кормандони мақомоти Агентӣ онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар меҳмонхонаҳо бенавбат ҷой гиранд ва барои тамоми навъҳои нақлиёт бенавбат чипта гиранд.

8. Ба кормандони мақомоти Агентӣ, ки барои кори доимӣ ба дигар ҷой фиристонида шудаанд, хароҷоти кўчидан, роҳпулии худ ва аъзои оилаашон пурра пардохта мешавад.

9. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ба кормандони мақомоти Агентии ба вазифа таъиншуда ва кормандони эҳтиёҷманд барои беҳтар кардани шароити манзилӣ дар навбати аввал, вале на дертар аз шаш моҳ, новобаста аз муддати дар ҳамин маҳалли аҳолинишин зиндагӣ карданашон, манзили истиқоматии хизматӣ диҳанд. Кормандони мақомоти Агентӣ ба масоҳати иловагии манзил ҳуқуқ доранд.

10. Кормандони мақомоти Агентӣ то ба онҳо аз рўи тартиби муқарраршуда барои зиндагонии доимӣ додани хонаи истиқоматии хизматӣ барои ҷуброни маблағи иҷораи хонаҳои истиқоматӣ ҳуқуқ доранд.

11. Бо ризоияти кормандони мақомоти Агентӣ ба онҳо ба ивази хонаи истиқоматии хизматӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидан ё сохтани манзил ба мўҳлати то 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад.

12. Дар хонаҳои истиқоматие, ки кормандони мақомоти Агентӣ зиндагӣ мекунанд, бенавбат телефон гузаронида мешавад. Аз рўи ҳамин тартиб дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои табобатии тобистона барои фарзандони кормандони мақомоти Агентӣ ҷой муҳайё карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

Моддаи 29. Рухсатии меҳнатии кормандони Агентӣ

1. Ба кормандони мақомоти Агентӣ рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи давомнокиаш 30 рўзи тақвимӣ дода мешавад. Роҳпулии рафту омади кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба ҷои истироҳат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад. Рухсатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда барои собиқаи хизмати давлатӣ ба кормандони мақомоти Агентӣ ба мўҳлатҳои зерин дода мешавад:

баъди 5 сол - 3 рўзи тақвимӣ;

баъди 10 сол - 6 рўзи тақвимӣ;

баъди 15 сол - 10 рўзи тақвимӣ;

баъди 20 сол - 15 рўзи тақвимӣ.

2. Ба кормандони мақомоти Агентӣ инчунин дигар намуди рухсатиҳои меҳнатии пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дода мешавад.

Моддаи 30. Тартиби бо нафақа таъмин намудани кормандони Агентӣ

1. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, бо сабаби беморӣ ё ки пурра гардидани собиқаи хизматӣ ба нафақа мераванд, ба имтиёзҳои барои кормандони милитсия пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ", аз ҷумла ба таъминоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатие, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

2. Ҳаҷми нафақаи кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки аз хизмат бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, аз рўи беморӣ, ё ки пурра гардидани собиқаи хизматӣ озод шудаанд, аз таъминоти пурраи пулӣ ҳисоб карда мешавад.

3. Ҳангоми ба хизмати мақомоти Агентӣ қабул шудани мугахассисон аз мақомоти судӣ, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҳарбикунонидашуда як соли собиқаи меҳнатиашон барои таъмини нафақа ва илова намудани маоши изофагӣ ба собиқаи хизматӣ баробар ба як соли собиқаи хизматӣ дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти Агентӣ ҳисобида мешавад. Дигар шаҳрвандоне, ки ба хизмати мақомоти Агентӣ қабул мешаванд, ду соли собиқаи умумии меҳнатии онҳо барои таъмини нафақа ва илова намудани маоши изофагӣ ба собиқаи хизматӣ баробар ба як соли собиқаи хизматӣ дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти Агентӣ ҳисобида мешавад.

4. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд ва боз хизматро давом медиҳанд, ҳар моҳ ба таъминоти пулиашон то 20 фоиз маоши иловагӣ мегиранд. Тартиб ва шарти пардохти иловапулии мазкур аз ҷониби Директори Агентӣ муайян карда мешавад.

5. Таъмини нафақаи кормандони воҳидҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

Моддаи 31. Ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоии кормандони мақомоти Агентӣ

1. Кормандони мақомоти Агентӣ намояндагони ҳокимияти давлатӣ буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Хешовандони онҳо, дар мавридҳои истисноӣ бошад, шахсони дигар, ки ба ҳаёт ва саломатиашон ба мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии кормандони мақомоти Агентӣ қасд карда мешавад, ҳамчунин моликияти онҳо таҳти чунин ҳимоя қарор доранд.

2. Тартиб ва шароити амалӣ намудани ҳимояи давлатии кормандони мақомоти Агентиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

3. Кормандони мақомоти Агентӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон вафот кардаанд, ҳамчунин кормандони аз хизмат ҷавобшудаи мақомоти Агентӣ, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтан ё ба саломатиашон расонидани зиёни дигар вафот кардаанд, аз ҳисоби маблағе дафн карда мешаванд, ки барои бо пул таъмин кардани мақомоти Агентӣ ҷудо карда шудааст.

4. Кормандони мақомоти Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Дар сурати ба корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба фаъолияти касбӣ машғул шуданро имконнопазир мегардонад, ба ў кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 6 (шаш) маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблағҳои дахлдори Агентӣ пардохта мешавад, ки минбаъд ин маблағ аз шахсони гунаҳкор рўёнида мешавад. Ҳангоми ҳалок гардидани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ ба оилаи корманди ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии он буда, кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 8 (ҳашт) маоши таъминоти пулии корманди ҳалокгардида, аз ҳисоби маблағҳои дахлдори Агентӣ пардохта мешавад, ки минбаъд аз шахсони гунаҳкор бо ҷуброни ин маблағ аз лаҳзаи пардохт рўёнида мешавад. Ҳангоми пеш аз мўҳлат рухсат шудани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ аз хизмат, бо сабаби гирифтор шудан ба беморӣ дар рафти иҷрои ўҳдадориҳои хизматӣ, ба ў кумакпулии якдафъаина ба андозаи 5 (панҷ) маоши таъминоти пулӣ, ки дар рўзи пардохти кумакпулӣ муқаррар гардидааст, пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

5. Ба кормандони воҳидҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда, бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" кумакпулии якдафъаина пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

6. Агар ба кормандони мақомоти Агентӣ ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизматиашон ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зарари дигаре расонида шавад, ки минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шудани онҳоро ғайриимкон мегардонад, барояшон ҳар моҳ фарқи байни музди миёнаи якмоҳа ва нафақаи ба ҳамин сабаб таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии давлатӣ гирифта шудааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.

7. Агар кормандони мақомоти Агентӣ вобаста ба фаъолияти хизматиашон вафот кунанд, ҳамчунин кормандони мақомоти Агентии аз хизмат ҷавобшуда, дар натиҷаи вобаста ба фаъолияти хизматӣ ба онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зиёни дигар расонидан вафот кунанд, ба аъзои ғайри қобили меҳнати оилае, ки дар таъминоти онҳо мебошанд, фарқи байни ҳиссаи барояшон баробаршавандаи қисми музди миёнаи меҳнати вафоткарда ва нафақаи бинобар гум кардани саробон барояшон таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии давлатӣ гирифта шудааст, ҳар моҳ ҷубронпулӣ дода мешавад. Барои муайян кардани ин қисми музди миёнаи меҳнати шахси вафоткарда ба шумораи аъзои оилаи дар таъминоташ буда, аз ҷумла аъзои қобили меҳнат тақсим карда мешавад.

8. Барои оилаи корманди вафоткарда ҳуқуқи гирифтани манзили истиқоматӣ бо шарту асосҳое, ки то лаҳзаи вафот кардани кормандони мақомоти Агентӣ ҷой доштанд, нигоҳ дошта мешавад.

9. Зараре, ки аз несту нобуд ё хароб кардани молу мулки кормандони мақомоти Агентӣ ё ин ки молу мулки аъзои оилаи онҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон расидааст, дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ҷуброн мегардад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

10. Асос барои надодани суғуртапулӣ ва ҷубронпулии дар ҳамин модда пешбинишуда фақат ҳукм ё қарори суд нисбати шахсе шуда метавонад, ки ба вафот кардани кормандони мақомоти Агентӣ, ба онҳо расидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё нобуду хароб кардани молу мулки ба онҳо тааллуқдошта айбдор дониста шудааст ва мувофиқи қарори дахлдор муқаррар шудааст, ки ин ҳодиса ба иҷрои вазифаи хизматиашон вобастагӣ надорад.

11. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди мақомоти Агентӣ оиди ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, танҳо аз тарафи Прокурори генералӣ ва Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад. Тафтиши ин гуна парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи муфаттишони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 516, аз 22.07.2013 № 989).

Моддаи 32. Асосҳо барои қатъ шудани хизмат дар мақомоти Агентӣ

1. Хизмат дар мақомоти Агентӣ дар мавриди аз вазифа озод намудан, аз ҷумла бинобар ба истеъфо ва нафақа баромадан қатъ меёбад.

2. Ғайр аз асосҳои пешбинишудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод намудани корманд бо ташаббуси Директори Агентӣ дар мавридҳои зерин сурат гирифта метавонад:

- расидан ба синни ниҳоии хизмат дар мақомоти Агентӣ;

- қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441);

- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441);

- ба охир расидани мўҳлати хизмат мувофиқи қарордод;

- риоя накардани шартҳои қарордод аз ҷониби корманд;

- ихтисори басти корӣ;

- дар асоси хулосаи комиссияи тиббии дахлдор оид ба корношоямии корманд бинобар вазъи саломатиаш;

- аз рўи натиҷаи аттестатсия;

- дағалона ва ё мунтазам вайрон кардани интизоми хизматӣ;

- содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди Агентӣ иснод меорад ё шикастани савганд;

- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд;

- тасдиқ гардидани ҳолати аз тарафи корманд фош карда шудани маълумоти дорои сирри давлатӣ, хизматӣ ва сирри дигаре, ки бо қонун ҳифз карда мешавад;

- вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.

3. Дар ҳолати қатъ шудани хизмат корманд аз қайди махсуси мақомоти Агентӣ бароварда шуда, дар қайди ҳарбӣ гузошта мешавад, агар ба синни ниҳоии қайди шахсони эҳтиётӣ барои гузаштани хизмати ҳарбӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, нарасида бошад.

4. Дар сурати ғайриқонунӣ аз вазифа озод намудан корманд метавонад ҳуқуқи худро ба воситаи суд ҳимоя намояд.

БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИИ АГЕНТӢ

Моддаи 33. Мавзўи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ

1. Агентӣ мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсадҳои зерин амалӣ мегардонад:

- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд;

- ҷуброни зарари аз ҷинояткорӣ расонидашуда;

- расонидани ёрииҳамдигарии ҳуқуқӣ аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

- ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои коррупсионии трансмиллӣ, кофтукови шахсони ҷиноятсодиркарда барои ба ҷавобгарии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

- пешгирӣ намудани қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин воридшавии ин маблағҳо ба иқтисодиёти кишвар ва дигар ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

2. Агентӣ дар доираи ваколати худ бо мақомоти дахлдори дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ робитаҳо барқарор менамояд, бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, оид ба масъалаҳои ёрии ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ шартномаҳо мебандад. Дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

Моддаи 34. Принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ

1. Агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ дар асоси принсипҳои зерин ҳамкорӣ мекунад:

- эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва бемайлон риоя намудани қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ;

- баробарҳуқуқии тарафҳо;

- афзалияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакатҳои ҳамкорикунанда, инчунин меъёрҳои аз тарафи умум эътироф гардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ;

- ҳамаҷониба ривоҷ додани ҳамкорӣ ва эътимод дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятноки мамлакатҳои ҳамкорикунанда;

- софдилона иҷро кардани ўҳдадориҳои байналмилалӣ.

Моддаи 35. Ваколати Агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ

1. Агентӣ ҳангоми ҳамкории байналмилалӣ ҳуқуқу ваколати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, дар ҳалли масъалаҳои зерин истифода мебарад:

- лоиҳаи барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионии муташаккилонаро дар ҳудуди давлатҳои ҳамкорикунанда таҳия мекунад, дар иҷрои чунин барномаҳо ширкат меварзад;

- амалиёти муштарак ва мувофиқашудаи оперативӣ-ҷустуҷўиву тафтишотӣ оид ба пешгирӣ ва тафтишоти ҷиноятҳоро дар ҳудуди мамлакатҳои ҳамкорикунанда ташкил менамояд ё ба он ёрӣ мерасонад;

- ёрии бевоситаи ахборотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар ёрии пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалиро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои ҳамкорикунанда барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷўи ҷинояткорон амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);

- дар тайёр кардани кадрҳои мақомоти бо коррупсия муборизабаранда, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд ёрӣ мерасонад ва ёрӣ мегирад;

- дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии бо коррупсия муборизабаранда иштирок мекунад;

- доир ба лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба шартномаҳои амалкунанда пешниҳодҳо таҳия менамояд;

- дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.

БОБИ 7. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ

Моддаи 36. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти Агентӣ

1. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти Агентӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳои маблағгузории пешбинишудаи қонунгузорӣ сурат мегирад. Мақомоти Агентӣ бо биноҳои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар навъҳои таъминот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешаванд.

2. Мақомоти Агентӣ метавонад аз ҳисоби дигар маблағҳо ва воситаҳои моддию техникие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда шаванд.

3. Тартиб ва меъёрҳои таъминоти моддию техникии мақомоти Агентиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Агентӣ муқаррар мекунад.

4. Мақомоти Агентӣ метавонад дорои фонди манзили идоравӣ бошад.

5. Таъминоти молиявии фаъолияти Агентӣ аз тарафи Дастгоҳи марказӣ сурат мегирад. Муҳофизати биноҳо ва молу мулки мақомоти Агентӣ ба зиммаи худи мақомоти Агентӣ гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).

Моддаи 37. Мусоидати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти Агентӣ

1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд мақомоти Агентии дар ҳудудашон воқеъ бударо бо биноҳои алоҳидаи хизматии муносиб таъмин намоянд ва дар амалӣ намудани вазифаҳои онҳо мусоидат намоянд.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 38. Назорати қонуният дар фаъолияти мақомоти Агентӣ

1. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар фаъолияти мақомоти Агентӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

Моддаи 39. Масъулияти корманди мақомоти Агентӣ

1. Корманди мақомоти Агентӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, суиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.

2. Ҳангоми аз ҷониби корманди мақомоти Агентӣ поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ба корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо расонидани зарар, мақомоти Агентӣ вазифадор аст барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чора андешад ва бо талаби шаҳрванд ба таври расмӣ аз ў узр пурсад. Товони зиёни расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 40. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

20 марти соли 2008 № 374


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.