Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 


 АҲМАДЗОДА МУЗАФФАР РАҶАБ

 

 13 июни соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст

Миллат – Тоҷик.

соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст.

соли 2001 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм намудааст.

соли 2008 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.

соли 2018 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.

Солҳои 1989 - 1996 Аспирант, Корманди хурди илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1996 – 2006 Корманд дар вазифаҳои гуногуни Саридораи полиси андози ВДПД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2006 - 2007 Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои вазифавии Саридораи полиси андози ВДПД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007 – 2008 Ваколатдори калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муқобили ҳокимияти давлатй, адолати судӣ ва хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007 – 2011 Сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муқобили моликият, фаъолияти иқтисодии Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011 – 2014 Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Солҳои 2014 – 2016 Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Солҳои 2016 – 2019 Сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз июли соли 2019 то ҳоло Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Полковники адлия.

Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд

 

 

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.